Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 06.07.2020

Чӣ шуд, чӣ нашуд? Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш дар мубориза бо COVID-19

Ozodi.org 

COVID-19 барои ҳамаи кишварҳо озмоиши бузурге шуд, ки тарафҳои қавӣ ва сусти онҳоро нишон дод. Ҳар давлат талошҳои худро кард. Аммо натиҷаҳо чӣ гунаанд? Радиои Озодӣ тасмим гирифт, ки ба вокуниши онҳо аз оғоз то ҳоло нигоҳе афканад.

Даҳҳо манзил дар Тоҷикобод аз зилзила осеб дидааст. АКС

Ozodi.org 

Наздики 60 хонаи сокинони чор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларзаи нисфирӯзии 4-уми июл  осеб  дидааст. Пажӯҳишгоҳҳои зилзилашиносии ҷаҳон хабар дода буданд, ки маркази заминларза 50 километр дуртар аз минтақаи Рашт буда, нирӯи он дар марказаш 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, лағжидани  кӯҳпораҳо дида мешавад. Мақомоти ноҳияи Рашт рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки  ҳоло зарари расида аз заминларзаро ҳисоб доранд. Читать дальше...



Дар Қазоқистон дар як рӯз 1 403 кас ба коронавирус мубтало шудааст

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон давоми як шабонарӯзи ахир 1 403 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 814 мубталошуда нишонаҳои бемориро надоранд. Ҳолатҳои нав аз ҳама бештар дар вилояти Атирау ошкор шудааст. Рӯзи севум аст, ки дар ин минтақаи Қазоқистон рӯзона беш аз 300 ҳолати нав ошкор мешавад. Рӯзи якшанбе дар ин вилоят 325 бемори навро ба қайд гирифта буданд. Атирау аз нигоҳи шумори мубталоён баъди шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон дар мақоми севум аст. Дар ин вилоят ҷамъан 5791 кас ба вируси корона гирифтор шудаанд. Читать дальше...

Мухолифи узбек Бахтиёр Каримро иҷборан карантин карданд

Ozodi.org 

Бахтиёр Карим, яке аз ташаббускорони таъсиси ҳизби нави сотсиал-демократии "Адолат ва рушд" дар Узбекистон ва ҳамзамон сармуҳаррири нашрияи "Адабиёт" ба коронавирус мубтало шудааст. Мубталошавии сармуҳарири 61-солаи "Адабиёт" ба коронавирус 3-юми июл, баъд аз як моҳи иҷборан фиристодани ӯ ба карантин тасдиқ шудааст. Дар ин бора худи рӯзноманигор ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Ёдрас мешавем, Бахтиёр Каримро ҳамроҳи хонаводаш рӯзи 6-уми июн, баъди он ки маълум шуд ҳамкорони писараш ба коронавирус мубтало шуданд... Читать дальше...

Таксиронӣ-охирон манбаи даромад барои муҳоҷирони собиқ

Ozodi.org 

Моҳҳои ахир роҳҳои мошингарди Душанбе бештар ранги зардро гирифтааст. Селаи мошинҳои таксӣ чунин тасаввуреро дар зеҳн мегузорад, ки дар шароити бӯҳронӣ ҳамагӣ дар пойтахт таксисавор ҳастанд. Ронандагон мегӯянд, дар асл чунин нест ва баста шудани роҳи муҳоҷират онҳоро маҷбур кардааст рӯзиашонро аз мусофиркашонӣ пайдо кунанд.  Хуруҷи бемории COVID-19 ва бекорӣ дар Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандонро водор кардааст, ки машғули мусофиркашонӣ бо мошинҳои таксӣ шаванд. Ҳамарӯз садҳо мошини зарду сафед дар ҷустӯҷӯи мусофир ба хиёбонҳо мерезанд. Читать дальше...

Дар робита бо куштори Мамихан Умаров дар Вена ду нафар боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар Австрия дар робита бо куштори шаҳрванди чечентабори Русия Мамихан Умаров ду нафар -  Сарали Ахтаев ва Салмон Магамадов боздошт шуданд. Дар ин бора вебсайти "Кавказ.Реалии" бо такя ба иттилои яке аз диаспораҳои воқеъ дар Аврупо хабар додааст. Нашрияи Österreich менависад, ки нафаре бо номи Sar Ali A. метавонад иҷрокунандаи куштор бошад. Сарали Ахтаеви 47-сола соли 2002 ва Салмон Магамадови 37-сола дар соли 2004-ум ба Аврупо кӯчиданд. Ҳардуи онҳо мақоми паноҳандагӣ доштанд.  Дар бораи эҳтимоли... Читать дальше...



Вазири пешини тандурустии Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват шуд

Ozodi.org 

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон Космосбек Чолпонбоев барои бозпурсӣ ба Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар даъват шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии хадамот иттилоъ додааст. Бозпурсӣ дар доираи парвандае сурат мегирад, ки зидди мансабдорони Вазорати тандурустии Қирғизистон барои фасодкорӣ ва ҳимояти манфиатҳои ширкатҳои алоҳидаи дорусозӣ боз шудааст. Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо дастури президенти Қирғизистон... Читать дальше...

Узбекистон аз муҳоҷирон хост, ба хабари боз шудани марзҳо бовар накунанд

Ozodi.org 

Сафорати Узбекистон дар шаҳри Маскав аз шаҳрвандони кишвари худ даъват кард, ба сухани қаллобоне бовар накунанд, ки бар ивази маблағи муайян гузаронидан аз марзи Русия ва Қазоқистонро ваъда медиҳанд. Бино ба огаҳии сафорат, афроди алоҳидае бо нашри эъломҳо ба муҳоҷирон ваъда медиҳанд, ки бар ивази маблағ то ба марзи Русияву Қазоқистон бурда, дар гузаштан аз марз низ кумак менамоянд. Вале ба гуфтаи масъулони сафорат, ин гуфтаҳо дуруғ буда, марзҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоно бастаанд. Читать дальше...

Кишварҳои минтақа оғози гуфтугӯ бо Толибонро баҳс мекунанд

Ozodi.org 

Ҳукумати Афғонистон намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро гирди ҳам меорад, то масъалаи оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибонро баррасӣ кунанд. Мақомҳои афғон гуфтанд, ҳамкории содиқонаи кишварҳои ҳамсоя дар роҳи расидан ба сулҳ муҳим аст.

Исроил дар бораи маҳвораи наве барои “назорати Эрон” хабар дод

Ozodi.org 

Вазорати дифои Исроил эълон кард, ки як маҳвораи нави ҷосусиро роҳандозӣ кардааст ва он тавони анҷоми назорати босифати низомиро хоҳад дошт. Исроил фанновариҳои худро ба хотири назорат аз кишварҳои мисли Эрон, ки барномаи ҳастаии онро як хатар арзёбӣ мекунад, тақвият медиҳад. Вазорати дифои Исроил гуфт, ки маҳвораи навъи Ofek-16 соати 4-и субҳи 6 июл аз маркази Исроил тавассути мушаки “Шавит” партоб шуд. Вазири хориҷаи Исроил Габи Ашкенази тасдиқ кард, ки рӯзи 6 июл Исроил барои хатми таҳдидҳои ҳастаии Эрон иқдом кард. Читать дальше...

Ҳукми Светлана Прокопева: 500 ҳазор рубл ҷарима барои "сафед кардани терроризм"

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия рӯзи 6 июл журналисти муттаҳам дар “сафед кардани терроризм”-ро гунаҳгор ва ӯро ба пардохти 500 ҳазор рубл ҷарима муваззаф кард. Ба Светлана Прокопева наздики 7 соли зиндон таҳдид мекард. Хабарнигори маҳкумшуда гуфт, ки бо ҳукм розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард. Мурофиаи Прокопева мавриди интиқоди ҷомеаи журналистӣ шуд, ки аз мақомот талаб доштанд Светлана Прокопева сафед ва озод шавад. Прокопева барои шарҳаш дар заминаи сабабҳои як худкушӣ дар назди идораи ФСБ-и Архангелск... Читать дальше...

Марги рекордӣ бар асари COVID-19 дар Эрон

Ozodi.org 

Дар Эрон як рӯзи рекордии марг бар асари вируси нав ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 5 июл дар давоми 24 соат фавти инсонҳо бар асари COVID-19 163 нафарро ташкил дод. Рекорди охир  29 июн ва 162 ҳолатро ташкил дода буд. Шумори олудагиҳои нав дар як шабонарӯзи ахир дар Эрон 2560 ҳолатро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ дар Эрон 240,438 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, шумори талафот 11,571 нафар мебошад. Эрон дар тамоми минтақа кишвари шадидан осебдида бар асари коронавирус ба шумор меравад. Дар ҳафтаҳои ахир... Читать дальше...

Марди дар канори Вена кушташуда эҳтимолан аз мунаққидони Қодиров буд

Ozodi.org 

Як марди паноҳҷӯи дар беруни шаҳри Вена, пойтахти Австрия кушташуда собиқ ҷангии нирӯҳои ҷудоиталаби чечен ва мунаққиди раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров будааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ манобеи ҷомеаи чечентаборҳои Австрия хабар доданд. Ба иттилои ҳамин манбаъҳо, марди кушташуда Мамихан Умаров буд, ки бо лақаби Анзори венагӣ машҳур мешинохтанд. Мақомот дар Вена ҳуввияти ӯро танҳо чун марди 43-солаи паноҳҷӯ аз Русия муаррифӣ карданд. Ба иттилои онҳо, ин мард дар як тавқифгоҳи мошинҳои марбут... Читать дальше...

Светлана Прокопева ва ҷомеаи журналистӣ дар интизори ҳукми додгоҳ

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия рӯзи 6 июл ҳукми журналисти муттаҳам дар “сафед кардани терроризм”-ро содир мекунад. Ин мурофиа мавриди маҳкумияти ҷомеаи журналистӣ шуд, ки аз мақомот талаб доранд Светлана Прокопеваро озод кунанд. Прокопева барои шарҳаш дар заминаи сабабҳои як худкушӣ дар назди идораи ФСБ-и Архангелск соли гузашта дар рӯбарӯи хатари маҳкумият ба “сафед кардани терроризм” ва то ҳафт соли ҳабс қарор дорад. Додситонҳо инчунин тақозо кардаанд, ки Прокопева давоми чор сол аз ҳақи кор ба ҳайси журналист маҳрум шавад. Читать дальше...

Дар Афғонистон як бонуи сиёсатмадор аз тири ҳамлагарон маҷрӯҳ шуд

Ozodi.org 

Дар Афғонистон рӯзи 6 июл як бонуи сиёсатмадор ва ронандааш дар ҳамлаи мусаллаҳонае маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса дар вилояти Лугар рух дод. Шоҳпур Аҳмадзай, сухангӯи полиси вилояти Лугар гуфт, ки афроди мусаллаҳ мошини Нафиса Ҳиҷрон, як узви шӯрои вилоятиро дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Пули Алам ҳадаф қарор доданд. Сухангӯ гуфт, ки ҳолати саломатии Ҳиҷрон мӯътадил буда, ӯро барои табобат ба Кобул фиристоданд. Полис гуфт, ки дастикам як ҳамлагар ба ҳабс гирифта шуда таҳқиқот шурӯъ шудааст. То ҳол... Читать дальше...

Эннио Морриконе - муаллифи мусиқии филми "Спрут" даргузашт

Ozodi.org 

Дар шаҳри Рум дар синни 91-солагӣ оҳангсози маъруфи синамоӣ Эннио Морриконе даргузашт. Ба иттилои нашрияи итолиёии "Мессаҷеро", чанд рӯз пеш аз марг Марриконе бо устухони шикастаи қисмати болои по дар як беморхонаи Рум бистарӣ шуд. Ӯ дар соли 1928 дар Рум чашм ба дунё кушода, консерваторияи Санта-Сесилияро дар пойтахти Итолиё хатм кардааст.  Ба оҳангсозии касбӣ аз 33-солагӣ шурӯъ кардааст. Мусиқии ӯ бештар тавассути филмҳои амрикоиву итолиёӣ ба дили шунавандааш роҳ ёфтааст. Дар давоми умраш ӯ барои беш аз 500 филму сериалҳо мусиқӣ эҷод карда... Читать дальше...


Музыкальные новости
Диана Арбенина

Диана Арбенина и «Ночные Снайперы» станут хедлайнерами GARAGE FEST Игора Драйв





Rss.plus
Арцах

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши




Свыше 850 км путей отремонтировали на сети РЖД с начала года

«АУРА»: как эффективно взаимодействовать с умами и сердцами людей через рекламу

Более 30 тыс жителей округа Химки прошли диспансеризацию с начала года

Пожар в Москве унес жизнь пожилой женщины




Мақомоти амрикоӣ аз нуқоти доғ дар бораи пур шудани беморхонаҳо хабар медиҳанд

Ozodi.org 

Мақомоти амрикоӣ аз нуқоти доғи кишвар хабар медиҳанд, ки дар паи дубора зиёд шудани шумори олудагиҳо ба коронавирус беморхонаҳои маҳаллӣ пур аз беморон шудаанд. Вазъ дар ғарбу ҷануби ИМА доғ шудааст.  Дар саросари ин кишвар шумори олудашудаҳо ба коронавирус базудӣ ба 3 миллион нафар ва марги инсонҳо дар паи вирус 130 ҳазор нафар мешавад. Ин ҳолат ба зуд боз шудани иқтисодҳо ва татбиқи заъифи протоколи ҳимоят аз олудашавӣ бастагӣ дорад. Чанд аёлат, аз ҷумла Калифорния, Техас ва Флорида муқаррароти... Читать дальше...

Мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон шуруъ мешавад

Ozodi.org 

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл баргузор мешаванд. Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи муқаддамотӣ 12 дастаи лигаи аввал ширкат меварзад. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври муқаддамотӣ шаш даста ба 1/8-финал роҳ меёбад. Аз даври ҳаштякниҳоӣ даҳ дастаи лигаи олӣ ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2020 мепайвандад. Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд... Читать дальше...

Панҷакент: Модар бо ду кӯдаки хурдсол дар оташсӯзӣ ҷон доданд

Ozodi.org 

Чаҳор узви як оила бо шумули дӯ кӯдак дар натиҷаи оташсӯзӣ дар Панҷакент ҷон додаанд. Ҳодиса нимашаби 2 ба 3-юми июл рух додааст. Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, Таҳмина, келини хонадон бо ду кӯдакаш дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд. Кӯдакон яке 2 ва дигарӣ 4 сола буданд. Ба гуфтаи мақомот, Баён Солиев, сардори хонавода ба бемористон интиқол ёфт ва дертар дар онҷо ҷон дод. Манбаъ мегӯяд, сабаби сӯхтор истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ буд. "Санҷиш барои муайян кардани... Читать дальше...

"Гаравгон"-и режими Назарбоев бо хонаводааш Қазоқистонро тарк кард

Ozodi.org 

"Искандер Еримбетов - гаравгони сиёсии пешини режими Назарбоев дар озодӣ аст ва ба Швейтсария парвоз кард",-навишт раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи Open Dialogue Foundation Людмила Козловская 4 июл дар "Фейсбук". Козловская ҳамчунин аз рафти пешвози Еримбетову ҳамсар ва ду духтараш дар фурудгоҳи Женева аксу видео нашр кард. Наздикони Еримбетов дар шаҳри Алмато гуфтанд, ӯ ҳамроҳи ҳамсару ду духтари хурдсолаш, ки дар ватан буданд, ба Швейтсария сафар кард. Наздикони Еримбетов аз посух ба суолҳо дар... Читать дальше...

Пирӯзии пешсафон дар даври ҳаштуми лигаи олии футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми июл бозиҳои даври ҳаштуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон ва дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харид

Ozodi.org 

Ҳукумати Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харидорӣ кард, ки 5 июл тавассути як ҳавопаймои махсус ба Бишкек интиқол дода шуданд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ин дастгоҳҳо бо 50 млн сом (беш аз 648 ҳазор доллар)-ре харидорӣ шуданд. Ба иттилои манбаъ, дастгоҳҳои мазкур дар беморхонаҳое тақсим хоҳанд шуд, ки мубталоёни коронавирус бистарӣ ҳастанд. Як қисми онҳо ба минтақаҳои Қирғизистон фиристода мешаванд. Вазорати тандурустии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Изумрудные луга, замок как у принцессы Рапунцель: сказочный отпуск Саймоловой и Джигана в Нормандии




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


Новак Джокович

Кто транслирует бой Табило против Джоковича на турнире Rome Masters 1000?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Здоровье

Стой и не двигайся: доктор Кутушов рассказал, что делать при встрече со змеями



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России