Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 04.09.2021

Ҷабҳаи муқовимат: "Толибон муҳосира шудаанд". Толибон: "Аз минаҳо осеб дидем"

Ozodi.org 

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер хабар дод, ки теъдоди зиёде аз ҷангҷӯёни Толибонро дар муҳосира гирифтаанд. Толибон иддао доранд, ки дар дараи Панҷшер пешравӣ кардаанд. Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат дар саҳифаи Твитераш навишт, ки “Толибон бо далели инфиҷори кӯҳ аз ақибашон дар минтақаи Дашти Реват таҳти муҳосира қарор гирифта ва тамоми васоит ва таҷҳизоташон ба ҷо мондааст.” Ӯ афзудааст, ки даргирии шадид идома дорад ва ба гуфтаи ӯ, “ҳазорон террорист дар Париён муҳосира шудаанд.” Билол Каримӣ... Читать дальше...

Сайёҳӣ қатариро иҷоза надоданд, ки Душанберо тарк кунад

Ozodi.org 

Субҳи 4-уми сентябр ба як сайёҳӣ қатарӣ, ки бо нӯҳ паррандаи шоҳин аз Тоҷикистон қасди сафар ба Дубай ва аз он тариқ ба Қатарро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе иҷозаи парвоз надоданд. Муҳаммад Аляброудӣ, сайёҳе, ки дар фурудгоҳи Душанбе дармондааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин паррандаҳое буданд, ки ҳамроҳ бо худ оварда буд ва мехоҳад дубора онҳоро пас барад. Ӯ гуфт, ки масъулони Хадамоти гумрук ва марзбонӣ ба ӯ иҷозаи убурро доданд, вале бо далели номаълум кормандони фурудгоҳ ӯро иҷозаи парвоз надоданд. Читать дальше...



Толибон зидди занони эътирозгар аз гази ашковар истифода карданд

Ozodi.org 

Ҷангҷӯёни Толиб рӯзи 4-уми сентябр зидди занони тазоҳургар дар маркази Кобул аз зур кор гирифтанд. Ба ин занон, ки бо талаби ҳуқуқи баробар эътироз мекарданд, Толибон ҳамла карданд. Толибон зидди занон гази ашковар истифода бурда, ба ҳаво тир паронданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори зане нашр шуд, ки бо сару рӯи хуншор суҳбат мекунад ва мегӯяд, ӯро Толибон ба ин аҳвол овардаанд. Рӯзи дуюм аст, ки дар Кобул занон эътироз мекунанд. Ин гуруҳ рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва гуфтанд, ки ба занҳо дар ҳукумат мақом намедиҳанд.

Баҳси Сиёвуш бо "Ёқут-2000"-ум додгоҳӣ шуд

Ozodi.org 

Баҳси як ҷавони тоҷик бо ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки далели маҷрӯҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, додгоҳӣ шуд. Моҳи феврали имсол аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳои Сиёвуши 25-сола оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Биноеро, ки оҳанпора аз онҷо афтодааст, ширкати “Ёқут-2000”-ум месозад. Дар ин ширкати сохтмонӣ  гуфтанд, "ҳангоми таъмири бино, дар ҳудуди хатарнок лентаи огоҳкунанда гузошта будаанд, аммо Сиёвуш онро убур кардааст".

Байден фармон дод, ки таҳқиқи ҳодисаи 11-уми сентябр ошкор шавад

Ozodi.org 

Президенти ИМА фармон дод, ки санадҳои таҳқиқи ҳодисаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико дар ним соли оянда ошкор шаванд. Ҷо Байден, президенти ИМА бар ин назар аст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ахбори пушидаи ин ҳодиса хатар ба амнияти миллии кишвар аст. Байден ошкор кардани таҳқиқи ин ҳодисаро замони маъракаи интихоботии худ ваъда дода буд. Пайвандони афроди қурбоншуда дар ин ҳодиса давоми 20 соли гузашта пайваста талаб мекарданд, ҷузъиёти таҳқиқоти ҳодиса ошкор карда шавад. Онҳо бар ин назаранд... Читать дальше...

Сомон дар Русия пирӯз шуд, вале дастааш шикаст хӯрд

Ozodi.org 

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Мусобиқаи IV байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, ки дар доираи Форуми VI иқтисодии Шарқ дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор шуд, дар рақобати худ ғолиб омад, вале дастааш шикаст хӯрд.

Ориёно Саид: Толибон душмани зан ва мусиқӣ ҳастанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ориёно Саид, ҳунарманди шинохтаи афғонистонӣ, ки пас аз вуруди Толибон ба Кобул аз Афғонистон фирор кард, мегӯяд, ин гуруҳ ҳукуматеро ташкил кардан мехоҳанд, ки зидди занон ва мусиқӣ амал мекунад. Пештар Толибон гуфтанд, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром мегузоранд, вале ба овозхонии занон ва кори онҳо дар сатҳи баланди ҳукумат иҷоза намедиҳанд. Онҳо пешниҳод карданд, ки овозхонҳо дар Афғонистон касбашонро дигар кунанд. Видеоро инҷо тамошо кунед: Ориёно Саид мегӯяд, агар аз Афғонистон фирор намекард, Толибон ӯро қатл мекарданд. Читать дальше...

Нақли зане, ки дар эътирози зидди Толибон иштирок кардааст

Ozodi.org 

Занони фаъол дар Кобул рӯзи 3-уми сентябр барои ҳимоя аз ҳақашон эътироз карданд. Толибон гуфтанд, ки занҳо дар ҳукумати оянда саҳм нахоҳанд дошт. Ҳадо Хамӯш, Шоир, нависанда ва фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳимоя аз ҳақ ва ояндаашон эътирз карданд. Онҳо дар даст шиорҳои “ҷомеа бидуни зан мурда аст”, “ҳуқуқи зан бояд поймол нашавад” ба тарафи бинои ҳукумати Афғонистон рафтанд. Ҳадо Хамӯш, гуфт, ки Толибон эътирози онҳоро бозӯр пароканда кардааст. Ин гуруҳ рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва гуфтанд... Читать дальше...

Сӯҳроб Раҳимов, муовини собиқи раиси Кӯлоб бо ҷарима аз толори додгоҳ озод шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи Кӯлоб Суҳроб Раҳимов, муовини пешини раиси шаҳри Кӯлобро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб боздошт шуда буд, 72 ҳазор сомонӣ ҷарима кард ва аз толори додгоҳ озод намуд.

Аҳмад Масъуд хабари суқути Панҷшерро рад кард

Ozodi.org 

Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер хабари суқути ин вилоят ба дасти Толибонро рад кард. Шаби 3-юми сентябр Толибон иддао карданд, ки вилояти Панҷшерро тасарруф кардаанд. Аҳмад Масъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат дар саҳифаи Твитери худ навиштааст, ки “ин хабар дуруғ аст”. Ба қавли ӯ, ин хабарро матбуоти Покистон, ки аз Толибон ҷонибдорӣ мекунанд, бофтаанд. “Суқути Панҷшер рӯзи охири ман хоҳад буд”,­--навиштааст ӯ. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири пешини дифои Афғонистон низ дар саҳифаи Твитер тасарруфи Панҷшерро рад кардааст. Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о производстве в Москве умных меток и смарт-карт



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Скульптура в честь Булата Окуджавы появилась в Нижнем Тагиле




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


WTA

Свёнтек прошла в полуфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Here's every World of Warcraft expansion in order of release



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России