Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 29.09.2021

Ҳукми зиндони тоҷиконро дар Қирғизистон "бисёр сахт" хонданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хешовандони се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, ки дар вилояти Бодканд зиндонӣ шуданд, мегӯянд, ҳукми додгоҳ "бисёр сахту бераҳмона" аст ва онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. Мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, далелҳои кофӣ дар даст доранд ва тафтишот тибқи қонун ҷараён гирифтааст.

Ҳамкориҳо ва ихтилофҳо. Русияву Туркияро чӣ наздик ва чӣ дур мекунад?

Ozodi.org 

Раҳбарони Русияву Туркия 29 сентябр дар шаҳри Сочӣ музокирот мекунанд. Дар баробари ихтилофҳое, ки дар сиёсати хориҷии ду кишвар аст, бахшҳои ҳамкориву мушорикаташон низ кам нест. Пас аз 18 моҳ барпо шудани гуфтугӯи рӯбарӯи ду президент, ба бовари нозирон, “муҳим ва ҳалкунанда” ба назар мерасад.



"Ӯро шавҳараш ба Сурия бурда буд". Додгоҳи зане дар Тоҷикистон, ки аз Афғонистон оварда шудааст

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон занеро муҳокима мекунанд, ки чанд моҳ пеш аз зиндони Пули Чархии Афғонистон овардаанд. Олима Камоловаи 31-сола ба иштирок дар ҷангҳои "бегона" гумонбар аст, аммо пайвандонаш бовар доранд, ӯ дар ҳеч даргирӣ иштирок накарда, "қурбонии хостҳои шавҳараш шудааст".

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: “Ба Қирғизистон нома нафиристодаем”

Ozodi.org 

Дар вокуниш ба як хабари Радиои Озодӣ, ки гӯё Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо фиристодани номае ба ҳамтоёни қирғизистонии худ хоҳони азсаргирии ҳамкориҳо шудааст, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки он ҳеч гуна номае ба Қирғизистон нафиристодааст.

Баҳси Сиёвуш бо "Ёқут" поён ёфт. Муҳандис афв шуд, ҷуброни зарарро кӣ медиҳад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як муҳандиси ширкати "Ёқут 2000"-ро ба "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон", ки боис ба маъюб шудани Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола шуд, ду сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо бар асоси қонуни афв озод намуд.

Баҳси додгоҳии Сиёвуш бо "Ёқут-2000" анҷом ёфт

Ozodi.org 

Баҳси Сиёвуш Акобиршоев бо ширкати "Ёқут-2000", ки сабаби маҷруҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, дар додгоҳ ба поён расид, аммо масъалаи пардохти ҷуброни зарар норӯшан боқӣ монд.



Захираи тилои Қирғизистон ба $3,2 млрд баробар шудааст

Ozodi.org 

Захираи тилои Қирғизистон ба 3,2 миллиард доллар баробар шудааст. Дар ин бора раиси Бонки миллии он кишвар Толкунбек Абдигулов иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, захираи тилои Қирғизистон дар ҳоли афзоиш аст. "Дар бораи камшавӣ ва афзоиши захира овозаҳо паҳн мешаванд. Мумкин аст, афзоиш ёбад ё баръакс, кам шавад. Мо на танҳо тило мехарем, балки онро ҳамзамон мефурӯшем. Айни замон дар ҳаҷми 3,2 миллиард доллар тило дорем, ки дар сурати зарурат барои 8 моҳи содирот кифоят мекунад", - гуфт Абдигулов. Моҳи... Читать дальше...

Хатари вулқон дар ҷазираи Испониё зиёдтар шуд

Ozodi.org 

Лаваи сурху доғ аз вулқоне, ки ҷазираи Ла Палмаи Испониёро ба харобазор табдил дод, рӯзи 28-уми сентябр ба Уқёнуси Атлантик расид ва хатари паҳн шудани гази заҳролудро ба вуҷуд овард.

Дигарандеши зиндонии қазоқ Арон Отабек дар беморхона бистарӣ шудааст

Ozodi.org 

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Ар. Рух. Хак" Бахидҷон Торогожин 28 сентябр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки шоир ва дигарандеши зиндонии Қазоқистон Арон Отабек дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳомии ҳуқуқ аз шаҳри Павлодар Елена Семёнова ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки Отабек як ҳафта мешавад дар беморхона аст. Кумитаи иҷрои ҷазои Қазоқистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дербоз аз вазъи сиҳатии шоир Отабек, ки беш аз 15 сол мешавад, дар зиндон аст, нигаронӣ мекунанд. Читать дальше...

Лукашенка: Беларус то феврали соли 2022 референдуми конститутсионӣ барпо мекунад

Ozodi.org 

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенка гуфт, ки Беларус референдуми қабули конститутсияи баҳсбарангези ин кишварро то феврали соли 2022 барпо мекунад. Изҳороти Лукашенка рӯзи 28-уми сентябр дар ҷараёни кори комиссиюни конститутсионӣ садо дод ва ӯ бори дигар такрор кард, ки иҷоза намедиҳад  мухолифон сари қудрат биёянд, чун, ба гуфтааш, “онҳо кишварро хароб мекунанд”. Лукашенка гуфт, ҳадафи тағйироти конститутсионӣ ин аст, ки “сарқонун дар тақсими қудрати миёни президент, парлумон ва ҳукумат як тавозуне эҷод карда... Читать дальше...

Pfizer ва BioNTech эмкунии кӯдаконро зидди COVID-19 амн дарёфтаанд

Ozodi.org 

Ширкатҳои воксинасози амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech ба Оҷонсии ғизову дорувори ИМА натиҷаҳои аввалияи як таҳқиқоти худро пешкаш намуданд, ки мегӯяд, воксинаи сохтаи ин ду ширкат алайҳи COVID-19 барои  кӯдакон амну бехатар мебошад. Озмоиши онҳо дар миёни кӯдакони 5 то 11-сола анҷом шудааст ва ин таҳқиқот амн будани воксинаро собит кардааст. Дар ИМА ҳоло ҳақи воксингирӣ барои афроди аз 12-сола боло фароҳам шудааст. Ин ду ширкати дорусозӣ гуфтаанд, ки дар ҳафтаҳои наздик аз мақомоти дахлдори амрикоӣ дархост мекунанд... Читать дальше...

Собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷопон нахуствазири баъдии ин кишвар мешавад

Ozodi.org 

Собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷопон Фумио Кишида раҳбари ҳизби ҳокими либерал-демократӣ шуд ва акнун бояд нахуствазири нави ин кишвар шавад. Ҷопон дар ҷаҳон иқтисоди сеюми азимтарин ба шумор меравад. Дар як овоздиҳӣ рӯзи 29-уми сентябр Кишида бар номзадии Таро Коно ғолиб шуд, ки ба хотири пешбурди барномаи воксина бисёр маъруф гардидааст. Йошиҳиде Суга, нахуствазири амалкунандаи Ҷопон баъди як соли раҳбарӣ эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Пирӯзии Кишида дар овоздиҳии парлумонӣ рӯзи 4-уми октябр бемушкил хоҳад буд... Читать дальше...

Ба Иззат Амон 9 сол зиндон талаб кардаанд

Ozodi.org 

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон, 9 сол зиндон талаб кардааст. Ӯро ба "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" гумонбар медонанд.

Ду раҳбари ҷомеаҳои тоҷикони Русия даргузаштанд

Ozodi.org 

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз даргузашти ду раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия изҳори таассуф кардааст. Рӯзи 28-уми сентябр роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Дзержинскии вилояти Нижний Новгород Мутрибшоҳ Мирзоев дар синни 61-солагӣ даргузашт. Сабаби марги раҳбари созмони «Умед» нашр намешавад. Дар изҳороти Вазорати меҳнат ва муҳоҷират Мирзоев ба ҳайси як ҳомии муҳоҷирони корӣ ёд шудааст, ки ҳамеша ба ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат мекард. Марги Мирзоевро матбуоти маҳаллии Нижний Новгород ҳам ботаассуф хабар додааст... Читать дальше...

YouTube ду шабакаи олмонизабони RT-ро барои дурӯғ дар бораи COVID-19 баст

Ozodi.org 

Видеопортали YouTube ду шабакаи олмонизани Русияро, ки аз ҷониби ширкати давлатии RT (Russia Today – “Имрӯзи Русия”) идора мешуд, пок кард ва боиси вокунишҳои Маскав гардид. Динора Токтосунова, мудири RT DE, яке аз ду шабакаи аз YouTube бардошташуда дар ин бора аввал рӯзи 28-уми сентябр тавассути Telegram хабар дод. Ширкати амрикоии Google, ки молики YouTube аст, гуфт, сафҳаҳои ду шабака - RT DE ва Der Fehlende Part (“Пораҳои нопадидшуда”)-ро ба он хотир аз ин пойгоҳ берун кард, ки дар бораи COVID-19 иттилои дурӯғин нашр карданд. Читать дальше...

Путин ва Эрдуғон барои гуфтугӯи муҳим мулоқот мекунанд

Ozodi.org 

Президентони Русия ва Туркия рӯзи 29-уми сентябр дар ҷаласаи ба қавли мақомот хеле муҳим дар соли ҷорӣ  мулоқот хоҳанд кард.  Мулоқоти Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шаҳри Сочи дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ 18 моҳ баъди охирин гуфтугӯи рӯбарӯи ду раҳбар дар шаҳри Маскав барпо мешавад. Ба иловаи вазъи Сурияву Либия, ду раҳбар ният доранд  Қафқози Ҷанубӣ ва Украина, тавсеаи содироти гази русӣ ва эҳтимоли ба Туркия фароҳам кардани бахши навбатии системаҳои мушакии  S-400-ро, ки ИМА мухолифи он аст, баррасӣ кунанд. Читать дальше...

"Раҳмон ҷойгоҳеро ишғол карданист, ки то ҳол касе накардааст". Коршинос дар бораи сиёсати Тоҷикистон нисбат ба "Толибон". ВИДЕО

Ozodi.org 

Гуруҳи "Толибон", ки баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз ташкили "Аморати исломӣ" хабар дод, "барои бартараф кардани таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои дигар" ба вилояти Тахор нерӯҳои вижаи худро фиристодааст. Тахор бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.


Музыкальные новости
Тимати

ЮрКисс ответил на слухи о попадании Тимати в черный список из-за отказа петь с ним дуэтом





Rss.plus
Театр

Бурятский госцирк представил новое руководство: Театр и цирк, Россия и культура, дети




В Москве опечатали клинику пластической хирургии Хайдарова

Более 1 млн проездов по трассе М-12 Восток совершили автомобилисты в майские праздники

В Москве пройдёт фестиваль «Небо»

Выселенный дом типовой серии К–7 перед сносом, 1999 год, Москва




Нисбати Навалний барои "ташкили гуруҳи ифротӣ" парванда боз карданд

Ozodi.org 

Кумитаи тафтишотии Русия нисбати сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний ва ҳамсафонаш бо моддаи ташкили гуруҳи ифротӣ парванда боз кард. Аз рӯи ин модда то 10 соли зиндон пешбинӣ мешавад. Дар бораи парвандаи нав дар сомонаи Кумитаи тафтишотӣ хабар дода шудааст. Навалний, Леонид Волков ва Иван Жданов дар таъсис ва роҳбарии гуруҳ гумонбар мешаванд. Любов Собол, Вячеслав Гимади, Руслан Шаведдинов ва чанд каси дигар - дар узвияти гуруҳ. Иван Жданов парвандаи навро "комилан сиёсӣ" унвон кард. Читать дальше...

Вазири дифои Амрико: "Пароканда шудани артиши Афғонистон ҳамаи моро ғофилгир кард"

Ozodi.org 

Луид Остин, ки дар нишасти пурсиши посухи Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико ширкат карда буд, дар айни ҳол ба иштибоҳҳое дар дарозтарин ҷанги ИМА ва ҳамчунин фасод густурда дар миёни мақомоти Афғонистон таъкид кард.

Дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2021 дар Тошканд ташхиси COVID-19 ҳатмӣ хоҳад буд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 12-14-уми ноябри соли равон дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, ҳар узви дастаи мунтахаб аз ташхиси мунтазами ҳатмии COVID-19 хоҳад гузашт. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) низомномаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳар иштироккунанда на кам аз 48 соат то парвоз дар кишвари худ бояд тести COVID-19 супорад. Читать дальше...

Дар Узбекистон соҳибкоронро маҷбур доранд, барои ҳизби ҳоким лавҳаи таблиғотӣ созанд

Ozodi.org 

Бархе аз соҳибкорони вилояти Фарғона мегӯянд, кормандони бахши вилоятии Ҳизби либерал-демократии Узбекистон, ки ахиран номзадии Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард, онҳоро маҷбур мекунанд, то лавҳаҳои таблиғотии ҳизбро омода созанд. "Ҳар як соҳибкор як лавҳа омода кард. Вале ҳоло боз маҷбур доранд, ки як лавҳаи дигар омода кунед. Арзонтарин лавҳа ҳудуди 40-50 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Кормандони ҳизб омада мегӯянд, ки "шумо тавони сохтани лавҳаро доред, пас омода созед!", - гуфт яке аз соҳибкорон. Читать дальше...

Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Қирғизистон боло бурда шуд

Ozodi.org 

Маҷлиси шаҳрии Бишкек 28-уми сентябр дар иҷлосияи навбатии худ тасмим гирифт, ки нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр боло бурда шавад. Бар асоси қарори қабулшуда, аз 1-уми ноябри соли равон нархи роҳкиро дар автобусу тролейбус 11 сом, дар таксӣ ва микроавтобусҳо 11 сом хоҳад шуд. Аз 36 вакили маҷлиси шаҳр 33 нафар ҷонибдорӣ кардаанд, ки нархи роҳкиро боло бурда шавад. Тавре муовини шаҳрдори Бишкек Талайбек Орозов изҳор дошт, дар Қирғизистон арзиши сӯзишвории дизелӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёт гарон шуда... Читать дальше...

Муҷозоти 13 шаҳрванди Узбекистон баъди эътироз ба набудани газ

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Самарқанди Узбекистон мегӯяд, 13 сокини маҳаллӣ, ки дар эътироз ба набудани газ роҳро баста буданд, муҷозот шуданд. Ба огаҳии Раёсати пулиси вилоят, 13 сокини ноҳияи Самарқанд 26-уми сентябри соли равон роҳи мошингарди М-37-ро дар эътироз ба набудани газ баста буданд. Эътирозгарон шикоят карданд, ки зарфи гази моеъро бори охир дар маҳаллаи онҳо моҳи июли соли равон тақсим кардаанд. Сокинони норозӣ ба назди бинои ҳукумати ноҳияи Самарқанд рафтанд. Дар онҷо раиси ноҳия ва раҳбарони... Читать дальше...



Москва

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Телеведущего Урганта исключили из концерта памяти Окуджавы "Заезжий музыкант"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


ATP

Теннисист Медведев может спуститься на пятое место в ATP после "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Архангельске загорелся теплоход "М.В. Ломоносов": что известно о пожаре



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России