Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Аҳмад Масъуд, дар Панҷшер кушта шудааст
Бино ба гузоришҳо, Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон, шоми 5-уми сентябр дар вилояти Панҷшер кушта шудааст.
Бино ба гузоришҳо, Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон, шоми 5-уми сентябр дар вилояти Панҷшер кушта шудааст.
Ҷабҳаи муқовимат бо гуруҳи Толибон эълон кард, ки аз пешниҳоди уламои Афғонистон барои "қатъи фаврии ҷанг" дар вилояти Панҷшер истиқбол мекунад.
Ҷангҷӯёни Толибон ба куштани як зан дар вилояти Ғӯри Афғонистон муттаҳам мешаванд. Ин зан пештар дар идораи полис кор мекард.
Раиси Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх 5-уми сентябр бо сафари серӯза вориди Афғонистон шуд.
Попи Рум Франсис аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки паноҳҷӯёни бештарро аз Афғонистон қабул кунанд. Ҷое, ки гурӯҳи тундрави Толибон пас аз вожгунии ҳукумат назоратро ба даст гирифтааст.
Сарвазири Зеландияи Нав, Ҷасинда Ардерн, ваъда дод, ки дар қонунҳои зидди терроризм дар он кишвар тағйирот ворид мекунанд.
Додгоҳе дар шаҳри Қазон, маркази Тотористони Русия, Баракатуллоҳ Ғозиев, писари 35-солаи Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро (ду сол пеш дар ошӯби зиндони Ваҳдат кушта шуд) ба чиҳил шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.
Шайх Рашид, вазири корҳои дохилии Покистон, рӯзи 5-уми сентябр ба хабарнигорон гуфт, дар ин ҳодиса бист каси дигар захм бардоштанд.
Гуруҳи Толибон таъкид дорад, ки сохтори низом ва аъзои ҳукумати нав дар Афғонистон ҳафтаи ҷорӣ эълон хоҳад шуд.
Даҳҳо тан дар эътироз ба саркӯби расонаҳои мустақил аз тарафи ҳукумати Русия рӯзи 4-уми сентябр дар Маскав гирдиҳамоӣ карданд.
Ду вакили порлумони Узбекистон пешниҳод кардаанд, ки ба президенти он кишвар, Шавкат Мирзиёев, унвони "пешвои миллат" дода шавад.
Имсол муҳоҷирон аз Русия ба кишварҳои Шӯравии собиқ дар муқоиса ба соле пеш зиёдтар пул фиристодаанд. Баъзе аз коршиносон нигаронанд, ки эҳтимол дар оянда «ноноварон» ба Тоҷикистон маблағи камтар интиқол диҳанд, «чун гуруҳе аз онҳо бо зану кӯдакони худ ба Русия мекӯчанд».
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости