Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 02.09.2021

Аз босмачиҳо то Толибон: Тоҷикони ду сӯйи Ому ва марзҳои "хуб"-у "бад" (Қисми 2)

Ozodi.org 

Оё дар ҳақиқат марзи пешини Шӯравӣ бо Афғонистон, тавре онро арзёбӣ мекунанд, хатаровар аст? Чӣ чиз марзҳоро ба сарчашмаи низоъҳо табдил медиҳад? Кӣ, чӣ гуна ва барои чӣ хатти марзро тавассути дарёи Ому муайян кард? Ин сарҳадҳо дар таърихи мардуми Осиёи Марказӣ чӣ аҳамият доранд?

Эътирози баъзе аз вакилон беҷавоб монд. Дар роҳи Душанбе-Чаноқ бо пули Покистон долон сохтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо панҷ миллион доллар ёрии Покистон дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки зери назорати ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” (IRS) аст, ҳудуди 400 метр долони муҳофизат аз тармаву резиши санг сохт.

Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" гуфт, ки чаро музокирот "ноком" шуд. САДО

Ozodi.org 

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо "Толибон" дар вокуниш ба изҳороти Амирхон Муттақӣ, раиси Кумисюни даъват ва иршоди гурӯҳи исломгаро, гуфт, ки музокироти миёни ду тараф ба далели пешниҳодҳои шахсӣ ба Аҳмад Масъуд бас шудааст.



Фаҳими Даштӣ: Толибон курсӣ пешниҳод карданд, напазируфтем

Ozodi.org 

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо "Толибон" дар вокуниш ба изҳороти раиси Кумисюни даъват ва иршоди гурӯҳи исломгаро, гуфт, музокироти миёни ду тараф ба далели пешниҳодҳои шахсӣ ба Аҳмад Масъуд бас шудааст. Ноком шудани музокирот боис ба шиддат гирифтани набардҳо дар чаҳор рӯзи гузашта гардид.

ШАРҲ: Амрико ва муттаҳидонаш алайҳи "Толибон" чӣ фишанг доранд? 

Ozodi.org 

Амрико ва муттафиқонаш Афғонистонро дар ихтиёри “Толибон” гузошта рафтанд, вале, тавре президент Ҷо Байден мегӯяд, ҳамоно фишангҳои таъсиррасонӣ ба ҷангҷӯёни исломӣ вуҷуд дорад, то онҳоро ба иҷрои масъулиятҳояшон маҷбур бикунанд.

Назари Қосимшоҳ Искандаров дар робита ба тақдими нишони "Исмоили Сомонӣ" ба Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон ба Бурҳониддин Раббонӣ – президенти пешин ва Аҳмадшоҳи Масъуд – қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи дифои Афғонистон ордени дараҷаи аввали "Исмоили Сомонӣ" дод. Маҳофили коршиносӣ дар Тоҷикистон аз ин иқдоми президент Эмомалӣ Раҳмон истиқбол карданд.

Назари Аҳмадшоҳ Комилзода дар робита ба тақдими нишони "Исмоили Сомонӣ" ба Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон ба Бурҳониддин Раббонӣ – президенти пешин ва Аҳмадшоҳ Масъуд – қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи дифои Афғонистон ордени дараҷаи аввали "Исмоили Сомонӣ" дод.



Қатар гуфт, бо Толибон барои барқарор кардани кори фурудгоҳи Кобул кор мекунад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Қатар гуфт, ки кишварҳои Халиҷи Араб бо “Толибон” кор мекунанд, ки фурудгоҳи байналмилалии Кобул “ҳарчи зудтар” боз шавад. Ин фурудгоҳ барои азсаргирии интиқоли ёриҳои башардӯстона ва идомаи берун бурдани хориҷиҳову онҳое, ки аз режими Толибон мегурезанд, муҳим мебошад. Муҳаммад бин Абдураҳмон ат-Танӣ дар як нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои бритониёиаш Доминик Рааб дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар гуфт, ки ҳанӯз мушаххасан маълум нест, ки ин фурудгоҳ кай ба кор шурӯъ мекунад. Читать дальше...

Иштироки Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати мунтахаби ҷаҳон дар мусобиқаи ҷудо дар Русия

Ozodi.org 

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, ки дар доираи Форуми иқтисодии Шарқ дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Ба иттилои сомонаи расмии Форуми иқтисодии Шарқ (https://forumvostok.ru), мусобиқаи ҳарсолаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, поягузори ин риштаи олимпии варзиш, ки таҳти сарпарастии президенти Русия Владимир Путин доир мегардад, 3-юми сентябр дар Владивосток дар доираи барномаи варзишӣ ва... Читать дальше...

Доминик Рааб бо мақомоти Қатар вазъияти Афғонистонро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб рӯзи 2-юми сентябр дар шаҳри Давҳа бо амири Қатар ва вазири хориҷаи ин кишвар вазъи Афғонистон ва талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои азсаргирии кори фурудгоҳи Кобулро баррасӣ мекунад. Фурудгоҳ барои ироаи кӯмакҳои башардӯстонаву идомаи интиқоли хориҷиҳо ва дигар нафарони гурезон аз режими “Толибон” муҳим аст. Сафари Рааб дар ҳоле сурат мегирад, ки баъди беш аз ду ҳафтаи таҳти назорати "Толибон" гузаштани Кобул интизор меравад аъзои ҳукумати нав эълон шавад. Аҳмадулло Муттақӣ... Читать дальше...

Мулоқоти деринтизори Байден ва Зеленский барпо шуд

Ozodi.org 

Дар ҷараёни мулоқоти деринтизори президенти ИМА ва ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский дар Кохи Сафед, Ҷо Байден Киевро бори дигар мутақоид кард, ки ИМА дар “таҷовузи Русия” алайҳи Украина дар пушти ин кишвар қарор дорад. Байден дар мулоқоти рӯзи 1-уми сентябр гуфт, “ИМА ба истиқлолияту тамомияти арзии Украинаро дар муқобили таҷовузи Русия ва ҳам ормонҳи авроатлантикии Украина қотеъ истодааст”. Ӯ гуфт, ки ҳамкори миёни ду кишвар қавитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки Байден дар ин гуфтугуӯҳо ба кӯмак... Читать дальше...

Тоҷикистон ба Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ордени Исмоили Сомонӣ дод

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон ба Бурҳониддин Раббонӣ – президенти пешин ва Аҳмадшоҳи Масъуд – қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи дифои Афғонистон ордени дараҷаи аввали Исмоили Сомонӣ дод.

Нахустин сабқати Закия Худододӣ, варзишгари афғон дар бозиҳои паралимпии Токио

Ozodi.org 

Варзишгари афғон Закия Худододӣ баъди он ки ба таври пинҳонӣ аз Афғонистони зери назари Толибон ба бозиҳои паралимпики Токио итиқол ёфт, тавонист дар ин мусобиқаҳо иштирок кунад. Баробари ӯ инчунин варзишгари дигар – Ҳусейн Расулии 22-сола, ки дар як амалиёти пинҳонии байналмилалӣ  нахуст ба Париж ва аз он ҷо рӯзи 28-уми август ба Токио интиқол ёфт,  ҳамчунин дар бозиҳо ширкат кард. Худододӣ рӯзи 2-юми сентябр бо  ҳиҷоби сафед дар мусобиқае, ки дар шаҳри Тиба, наздики Токио ташкил шуд, ҳозир шуд. Читать дальше...

Ду дафъа воксина хатари олудагии такрорӣ ба COVID-ро ночиз мекунад

Ozodi.org 

Як таҳқиқоти нав маълум кардааст, ки шахсони эмшуда бар зидди коронавирус дар муқоиса бо шахсони эмнашуда дар 50 дарсади ҳолатҳо хатари камтари олуда шудан ба COVID-ро доранд. Натиҷаҳои таҳқиқот рӯзи 1-уми сентябр дар маҷаллаи тиббии Lancet нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки нафарони эмшуда дар ҳолатҳои хеле кам бо коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда ваё ба  ҳолати сангини беморӣ гирифтор мешаванд. Муҳаққиқони Коллеҷи шоҳигарии Лондон мегӯянд, омӯзиши онҳо нишон дод, ки баъди гирифтани ду дафъа воксина мӯҳлати бемории афроди эмнашуда... Читать дальше...

Дархост аз UNESCO барои мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф кардани Меҳргон

Ozodi.org 

Пажӯҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон мегӯяд, аз UNESCO – идораи фарҳангу маорифи СММ дархост мекунад, ки иди қадимаи Меҳргонро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид кунад. Алиризо Ҳасанзода, намояндаи ин пажӯҳишгоҳ гуфтааст, ки мақомоти эронӣ мехоҳанд аризаи худро ба номи идораи фарҳанги СММ аз номи Эрону Тоҷикистон ирсол кунад. Меҳргонро дар фарҳанги қадимии мардуми форсу тоҷикро ҷашни ҳосил меноманд, ки зикри он ҳанӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳам дида мешавад. Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Любовь Успенская

Адвокат Добровинский: сторона Успенской раздражала суд доводами против Киркорова





Rss.plus
Динамо

"Динамо" обыграло "Балтику", дважды забив в компенсированное время




Программа переподготовки для мам в декрете началась в Подмосковье

Дилеры в России приняли решение о снижении цен на китайский аналог «Камри»

Подмосковное ГУРБ сообщило о блокировке тысячи фишинговых сайтов

Собянин запустил еще два проходческих щита на Рублево-Архангельской ветке




Раҳимзода: "80 хонавода аз Афғонистон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд"

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, 80 хонавода аз Афғонистон бо фарзандони худ "аз тарсу ваҳми қасди кушторашон" мехоҳанд, ба кишвар ворид шаванд. Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, рӯзи 1-уми сентябр гуфт, онҳо дар "минтақаи дахлнопазир"-и сарҳад ҳастанд.

Гузоришҳо аз интиқоли "мошинҳои низомии амрикоӣ" аз Афғонистон ба Эрон

Ozodi.org 

Рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки танкҳо ва мошинҳои низомии давлатии Афғонистонро дар Теҳрон нишон медод. Ҳамчунин аксҳое низ аз як истгоҳи пулис дар роҳи Самнон-Гармсор дар "Твиттер" нашр шуд, ки нишон медод шумораи зиёде аз мошинҳои зиреҳии амрикоӣ бо борбарҳои артиши Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Эрон интиқол дода мешаванд. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, сарпарасти пешини вазорати дифои Афғонистон бо нашри яке аз ин аксҳо дар "Твиттер"-и худ аз Эрон ҳамчун "ҳамсояи бад" ёд кард ва навишт... Читать дальше...

Қазоқистон муваққатан ба истифодаи ваксинаи "Pfizer" иҷозат дод

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон иҷозат доданд, ки сокинони ин кишвар бо ваксинаи "Pfizer/BioNTech" эм карда шаванд. Бино ба хабарҳо, Кумитаи назорати тиббӣ ва дорусозии Вазорати тандурустии Қазоқистон ваксинаи мазкурро муваққатан, барои ҳафт моҳ ба қайд гирифтааст. Pfizer/BionTech яке аз ваксинаҳое аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба эм кардани сокинон бо он иҷозат додааст. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин ваксина кай вориди Қазоқистон мешавад. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, нахустин мояҳои "Pfizer/BioNTech"... Читать дальше...

Хабари "бомбгузорӣ" шудани шаш мактаб дар Оқтеппаи Қазоқистон

Ozodi.org 

Рӯзи 1-уми сентябр дар шаш мактаби шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон занги нахустин садо надод. Ин тасмим дар пайи хабарҳо дар бораи "бомгузорӣ" шудани бинои мактабҳо гирифта шудааст. Ба гуфтаи мудири маорифи вилояти Оқтеппа Жолдас Батирхон, хабари бомбгузорӣ шудани бинои муассисаҳои таълимӣ ба почтаи электронии мактаби миёнаи рақами 2-и Оқтеппа соати 8:30 фиристода шудааст. "Иттилоъ дуруғ баромад. Дар натиҷа мо натавонистем дар маросими садо додани занги нахустин иштирок кунем", - гуфт ӯ. Дар номаи мазкур ҳамчунин қайд гашта... Читать дальше...

Раддабандӣ: Артиши Узбекистон дар Осиёи Марказӣ нерумандтарин аст

Ozodi.org 

Узбекистон дар раддабандии нерумандтарин артиши дунё дар соли 2021, ки аз сӯи "Globalfirepower.com" нашр шудааст, як зина боло, ба мақоми 51-ум баромадааст. Ба иттилои манбаъ, артиши Узбекистон дар ҳоли ҳозир нерумандтарин артиши Осиёи Марказӣ шумурда мешавад ва бештари коршиносон ҳам инро тасдиқ мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 ҳазор низомӣ дорад. Неруҳои хушкигарди Узбекистон аз 28 гуруҳ иборат буда, онҳо асосан бо техникаҳои низомии русӣ, аз ҷумла шӯравӣ муҷаҳҳаз ҳастанд. Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Моргенштерн

Лейбл Алишера Моргенштерна* меняет имидж: от Bugatti Music к новому звучанию




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


Ига Свёнтек

Свёнтек высказалась об акции протеста экоактивистов, выбежавших на корты Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Ига Свёнтек

Свёнтек высказалась об акции протеста экоактивистов, выбежавших на корты Рима



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России