Сокинони Кобул ашёи хонаашонро мефурӯшанд, то нон харанд. ВИДЕО
Бо омадани "Толибон"-у бесарусомонӣ дар Афғонистон зиндагии мардум сахттар шудааст.
Бо омадани "Толибон"-у бесарусомонӣ дар Афғонистон зиндагии мардум сахттар шудааст.
Дар Афғонистон бо омадани Толибону бесарусомонӣ зиндагии мардум сахттар шудааст. Ҳоло баъзе аз мардум маҷбуранд, ашёи хонаҳояшонро фурӯшанд, то барои нон пул дошта бошанд.
Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзи 12-уми сентябр ягон мавриди гирифтории сокинонро ба бемории коронавируси нав сабт накарданд. Тасдиқи мустақилонаи хабар аз манобеи дигар ғайриимкон аст.
Дар Қирғизистон муҳокимаи панҷ нафар бо гумони ғорати хонаҳои мардум ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона дар охири моҳи апрели имсол шуруъ шудааст.
Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани арӯси хонавода парванда кушодааст. Мақомот мегӯянд, Хуршеда Холмуродоваи 25-сола сирко хӯрда, "худкушӣ кард". Модараш бовар дорад, ӯро дар хонаи хушдоман "куштаанд", тарафи дигар инкор мекунад.
Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани келинаш парванда боз намудааст. Мақомот мегӯянд, Хуршедаи 25-сола сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Модараш мегӯяд, духтарашро дар хонаи хушдоман куштаанд.
Низомиёни Амрико мегӯянд, озмоишҳои ахири мушакии Кореяи Шимолӣ таҳдидҳоеро барои ҳамсояҳо ва фаротар аз он ба миён овардааст.
Ҷараёни ба берун бурдани халабонҳои Афғонистон аз Узбекистон оғоз шуд.
Бозии даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 байни тимҳои “Истиқлол”, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон ва “Персеполис”, қаҳрамони сездаҳкаратаи Эрон, шаби 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки бори аввал роҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой (ШОС) ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе мулоқот мекунанд.
"Намояндагони Афғонистон дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Душанбе ширкат намекунанд." Дар ин бора расонаҳои русӣ аз қавли Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи вижаи президенти Русия, хабар доданд.
Муовини шаҳрдори Маскав Владимир Ефимов гуфтааст, дар сохтмонҳои пойтахти Русия мушкили норасоии бинокорон ҳанӯз ҳам мушоҳида шуда, дар ҳоли ҳозир 200 ҳазор муҳоҷири кории хориҷӣ намерасад.
Бозии даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 байни тимҳои “Истиқлол”, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон ва “Персеполис”, қаҳрамони сездаҳкаратаи Эрон, шаби 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Дар барномаи имрӯз: Нӯҳ президент дар шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд; Сокинони Кобул аз бепулӣ косаву пиёлаҳошонро мефурӯшанд; Модари тоҷик мехоҳад, омилони марги духтараш ҷазо гиранд; Муҳоҷирони тоҷикро барои намози пешин танбеҳ доданд; “Истиқлол” ва “Персеполис” барои “набард” омода шудаанд.
Маъмурони вилояти Балкани Туркманистон муҳоҷирон, қарздорон аз алимент, муътодони нӯшокиҳои спиртӣ ва танфурӯшонеро, ки дар рӯйхат қарор доранд, маҷбурӣ ба пахтазорҳо мефиристанд.
Дар шаҳри Лондони Бритониё баррасии дувуми парвандаи таъқиби уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва ақаллиятҳои дигари миллӣ дар минтақаи Шинҷони Чин шуруъ шуд.
Шарики бунёдгузори "Толибон" ва ҳоло иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Афғонистон Абдулғанӣ Бародар рӯзи 13-уми сентябр бо пахши як изҳороти аудиоӣ хабарҳоро дар бораи кушта шуданаш рад кард.
Мақомоти Узбекистон ва ширкати Роҳи оҳани Русия дар мавриди фиристодани сохтмончиён тавассути қатор ё поездҳои чартерӣ ба мувофиқа расидааанд.
Тибқи дастури нави "Толибон", занону духтарон танҳо дар синфхонаҳои хос барои онҳо ва бо либоси иҷбории исломӣ ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳоро хоҳанд дошт.
Шаҳрванди Қирғизистон Кубаничбек Акматов, ки бо гумони фурӯши шираи камол аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд, бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст.
Ҳавопаймои мусофирбари L-410 дар фурудгоҳи вилояти Иркутски Русия нишасти изтирорӣ кард.
Дар шаҳр ва вилояти Тошканди Узбекистон рӯзи 10-уми сентябр 29 занро бо гумони тарғиби идеяҳои тундгароёнаи созмони "Ҳизб-ут-таҳрир" дастгир кардаанд.
Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 13-уми сентябр бо баргузории нишасти байналмилалӣ кӯшиш хоҳад кард, барои Афғонистони мувоҷеҳ бо буҳрони башарӣ 600 миллион доллар кумак дарёфт кунад.
Ҳукумати "Толибон" бар хилофи интизорӣ ва тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя пурра аз намояндагони ин гуруҳ таркиб ёфтааст. Тоҷикистон пештар ҳушдор дода буд, ки ҳукумати ба ин шева ташкилшударо эътироф намекунад. Оё Душанбе бо ҳукумати "Толибон" чӣ гуна муносибате метавонад дошт?
Се бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзҳои 11-12-уми сентябр баргузор шуд. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳо ду дастаи шаҳри Хуҷанд - «Хуҷанд» ва «Эсхата», инчунин «Равшан»-и Кӯлоб ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости