Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 27.09.2021

Як роҳбари "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки "дахолат накунед". Вокуниши Душанбе чӣ хоҳад буд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Муовини раиси ҳукумати "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Пештар президенти Тоҷикистон гуфта буд, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила надоранд, аммо барои ҳалли танишҳо бояд ҳукумати фарогир ташкил карда шавад.



Пирӯзии пешсафон дар даври 21-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр баргузор шуданд. Дар бозии марказии ин давр “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар бар “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. “Истиқлол” мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал мустаҳкамтар намуд. “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. “Хуҷанд” бо 41 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. ... Читать дальше...

Зане аз Турсунзода барои озори арӯси хонавода зиндонӣ шуд. Ду тараф бо ҳукм розӣ нестанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Турсунзода хушдомани як арӯси ҷавонмаргро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани келинаш ба 5 сол зиндон маҳкум карда, ҳамзамон, бар асоси қонуни афв якуним сол ҳабси ӯро кам намудааст.

Дар Олмон аҳди муҳофизакорон ба поён мерасад?

Ozodi.org 

Дар Олмон интихоботи порлумонӣ ба поён расид ва шояд ба аҳди ҳизбҳои муҳофизакори Олмон хотима диҳад, ки дар 16 соли гузашта кишварро раҳбарӣ мекарданд. Ҳизби сотсиал-демократи Олмон ба сахтӣ ҳам бошад, рақибони муҳофизакори худро шикаст дод ва ҳақ дорад, ҳукумат таъсис диҳад.

Марзбонони Тоҷикистон "боздошту омодабош" дар марзи Қирғизистонро рад карданд

Ozodi.org 

Хадамоти марзбонии Қирғизистон 26 сентябр нерӯҳояшро дар сарҳад бо Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даровардааст. Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯяд, хабаргузории ТАСС аз қавли мақомоти Қирғизистон ҳадафро "пешгирӣ аз авҷ гирифтани муноқишаҳо" дар ноҳияи Лайлаки Бодканд номид.



Ҳушдори Шӯрои паноҳандагони Норвегия аз шикасти иқтисодии Афғонистон

Ozodi.org 

Шӯрои паноҳандагони Норвегия ҳушдор дод, ки Афғонистон дар остонаи як шикасти иқтисодӣ қарор дорад ва ин кишвар баъди суқути ҳукумат дар моҳи август ва сари кор омадани “Толибон” бо як фоҷеаи башарӣ рӯбарӯ шудааст.  Ян Эгеланд, дабири кулли ин шӯро бо нашри изҳороте рӯзи 27-уми сентябр гуфт, “Иқтисоди Афғонистон аз назорат хориҷ мешавад. Низоми расмии бонкӣ метавонад ҳар лаҳза шикаст хӯрад, чун бо набуди пули нақд рӯбарӯ шудааст. Ман бо оилаҳое ҳамсӯҳбат шудам, ки мегӯянд, рӯзашонро бо як пиёла чою нони қоқ сиёҳ мекунанд”. Читать дальше...

Мушкилоти фаннӣ дар паёмрасони Signal

Ozodi.org 

Замимаи паёмрасони Signal гуфт, ки рӯзи 27-уми сентябр бо мушкил рӯбарӯ шуд ва кори хадамот муваққатан боздошта шудааст. Ширкат бо нашри изҳороте гуфт, ки “Signal бо сабаби эҷоди мушкил дар ҳостинг ва бекор шудани бархе хадамот,  феълан кор намекунад”. Дар паёме, ки маъмурияти ин паёмрасон дар Твиттер навиштааст, кор дар самти таъмири он идома дорад. Хабарҳо дар бораи осеб дидани кори Signal дар ИМА, Аврупо, Ҳонгконг ва дигар нуқоти ҷаҳон аз шоми 26-уми сентябр ба ин сӯ нашр мешаванд. Замимаи Signal соли 2014 таъсис шуд. Читать дальше...

ФСБ гуфт, дар Уфа панҷ неофашистро боздошт кардааст

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Русия гуфтанд, панҷ неофашистро боздошт карданд, ки ба қавли онҳо, дар андешаи ташкили амали террористӣ дар Ҷумҳури Бошқирдистони аксар сокинаш мусалмон буданд. Дар изҳороти ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ рӯзи 27-уми сентябр омадааст, ки панҷ боздоштшуда сокини шаҳри Уфа – пойтахти Бошқирдистон буданд ва ният доштанд бо истифода аз маводи таркандаи дастсохт амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Тафтишот гуфтааст, ки аз хонаҳои гумонбарон дастгоҳи таркандаи худсохт, ҷузъҳои детонатор... Читать дальше...

COVID-19 умрро кӯтоҳ мекардааст

Ozodi.org 

Як таҳқиқоти нав мегӯяд, ки пандемияи COVID-19 боиси  коҳиши  умри  инсон гардидааст ва ин як мушкили бесобиқа дар ҷаҳон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон будааст. Таҳқиқоте, ки дар 29 кишвари Аврупо, ИМА ва Чилӣ барпо шудааст, мегӯяд, дастоварди солиёни тӯлонӣ дар заминаи таъмини дарозумрии инсонҳо бо сабаби пандемияи коронавирус осеб дид. Доктор Риди Кашяп, ҳаммуаллифи таҳқиқоте, ки рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷаллаи байналмилалии эпидемиологӣ чоп шуд, мегӯяд, “таъсири COVID-19 барои бисёр кишварҳо мисли як зарба гардид”. Читать дальше...

Ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин муаррифӣ шуд

Ozodi.org 

Аввалин нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ, ки аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, аз ҷониби ташкилкунандагон расман муаррифӣ шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, барномаи Бозиҳои XIX осиёӣ 40 намуд ва 61 равияи варзиширо дар бар мегирад. Интизор меравад, дар давоми 15 рӯзи бозиҳо 482 маҷмӯи медалҳо супурда мешавад. Бозиҳо бояд чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ – 6-уми сентябр бо мусобиқаи футболи мардона - оғоз шаванд. Читать дальше...

Дар зилзилаи Юнон як нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Дар зилзилаи пурқудрате, ки субҳи 27-уми сентябр  дар ҷазираи Крити Юнон рух дод,  калисое дар шаҳри Ираклион фурӯ рехт ва дар натиҷа марде, ки дар дохил кор мекард, даргузашт. Зилзилае бо шиддати 5,8 дараҷаи Риҳтер бисёриҳоро тарсонд ва сокинони маҳаллӣ шитобон биноҳоро тарк карда ба кӯчаҳо рехтанд. Зилзила инчунин дар ҷазираи ҳамсояи Санторини эҳсос шуд, ки як макони дигари хушгузаронӣ ба ҳисоб меравад. Шоҳидон гуфтанд, дар паи зилзила хонаҳои мардум ҳам осеб дидааст. Тапиши замин инчунин дар соҳилҳои баҳри Эгеи Туркия ҳам эҳсос шудааст... Читать дальше...

"Нома ба Панҷшер" аз чоп баромад

Ozodi.org 

Дар Душанбе зери унвони "Нома ба Панҷшер" китобе дар васфи Аҳмад Масъуд ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба нашр расидааст. Дар ин китоб ашъори шоирони маъруфи Тоҷикистон ва ҳамчунин мақолаҳои донишмандону журналистон гирдоварӣ шудааст. Интизор меравад, ки ба зудӣ дар як маросим "Нома ба Панҷшер" муаррифӣ шуда, шакли электронии он ҳам тариқи Интернет дастраси хонандагон бигардад. Ҳамчунин ду рӯз пеш нашриёти "Адиб"-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маҷмуаи ашъори шоирони форсизабонро дар ситоиши Ҷабҳаи муқовимати... Читать дальше...

Зодаи Тоҷикистон барои латукӯби духтур баъди муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфт, ки таҳқиқи қазияи аз ҷониби як марди 29-солаи тоҷик  латукӯб шудани як пизишки русро баъди муоина кардани ҳамсари ҳиҷобпӯши ӯ  таҳти назорати худ гирифтааст. Матбуоти Русия менависад, марди тоҷик ба авбошӣ бо истифода аз зӯроварӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ  қарор кардааст, ки дар ҷараёни тафтишот Баҳриддин Азимов, ки зимнна  шаҳрвандии Русияро дорад, аз ҳаққи тарки ҷои зист, сӯҳбат бо шоҳидон ва аз истифодаи воситаи алоқаву Интернет маҳрум мешавад. Читать дальше...

Даъват ба артиш аз рӯи Қонуни нави хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон мавсими даъватӣ тирамоҳӣ барои хидмат дар артиш оғоз меёбад, ки нахустин бор бар асоси қонуни нави хидмати алтернативӣ сурат мегирад. Ин навбат онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ва тамрини якмоҳаи саҳроӣ соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Фаридун Маҳмадилизода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, маблағе, ки аз хидмати алтернативӣ ба даст меояд, барои нигаҳдорӣ, ғизо, либоси сарбозоне, ки ихтиёран ин навъи хидматро интихоб кардаанд, сарф мешавад. Читать дальше...

Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон ба дарвозаи Молдив 4 голи беҷавоб зад

Ozodi.org 

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни тимҳои миллии футболи занона дар гурӯҳи «В» дастаи Молдивро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 26 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Лайло Ҳалимова ду гол, Некӯбахт Худододова ва Наталя Сотникова якголӣ ба самар расониданд. Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи «В» мунтахаби Ветнам ба дарвозаи дастаи Молдив шонздаҳ голи беҷавоб зад. Юсуф Рабиев, сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон... Читать дальше...


Музыкальные новости
Дора

Тейя Дора с трудом прошла в финал | Развлечение





Rss.plus
#123ru.net

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.




Второй приговор вынесли экс-главе Анабарского района

На телефонных и кибермошенников можно пожаловаться в полицию Подмосковья

Росатом будет развивать отношения с другими странами в сфере атомной энергетики, несмотря на запреты США

Kорейская группа осталась в восторге от русского хлеба




Мирзиёв: Поккории марзи Тоҷикистон аз мина ҳосили "музокироти мушкил" бо Раҳмон буд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, баъди  “музокироти мушкили” якунимсола бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбекистон  безарар карда шудаанд. Президенти Узбекистон дар ин бора 24-уми сентябр дар мулоқоташ бо интихобкунандагон дар вилояти Самарқанд изҳори назар кардааст. Ин як ҳолати камназир аст, ки раҳбари Узбекистон дар бораи минакорӣ шудани марз бо Тоҷикистони ҳамсояаш дар оғози солҳои 2000-ум ошкоро сӯҳбат кунад. Мирзиёев номзадиашро ба интихоботи... Читать дальше...

Пешбинии ҳавои чанголуд дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки чанд рӯзи оянда дар саросари Тоҷикистон  ҳаво тағйирёбанда омехта бо бору чангбод мешавад ва дар бархе манотиқ туман мефарояд. Пешбинӣ шудааст, ки аз 27 то 29-уми сентябр  дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳаво чанголуд мешавад. Бинобар ин аз сокинон хоста мешавад, ки аз гаштугузори рӯзона, бахусус дар роҳҳои мошингузар худдорӣ кунанд, зеро ба саломатиашон зарар мерасонад. Инчунин ҳангоми иҷрои корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва зимни сафар бояд эҳтиёт намоянд. Читать дальше...

Пирӯзии сотсиал-демократҳо ва шурӯи муколамаи таъсиси ҳукумати эхтилофӣ

Ozodi.org 

Дар интихоботи рӯзи 26-уми сентябри Олмон SPD  ё Ҳизби сотсиал-демократ аз ҳизби ҳокими Ангела Меркел пеш гузашт. Бар асоси  натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Олмон, ки  27-уми сентябр нашр шуд,  ҳамакнун сотсиал-демократҳои ғолиб  ва ҳам иттиҳоди ҳизбҳои росту марказгарои зери назари Меркел (Иттиҳоди масеҳиёну демократҳои Олмон ва Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиёни Бавария) иддао карданд, ки ҳақ доранд ҳукумати баъдиро ташкил кунанд. Тафовути миёни овозҳои бурдаи онҳо калон нест. То замони ташкил... Читать дальше...

Италия мегӯяд, ба расмият шинохтани Толибон имкон надорад

Ozodi.org 

Италия мегӯяд, ки ҳукумати Толибонро наметавон ба расмият шинохт, аммо ба афғонҳо бояд кӯмак кард. Хабаргузории "Ройтерз" ба нақл аз Луиджи Ди Майо , вазири корҳои хориҷии Италия гузориш дод, ки гуфтааст, ҳукумат ба раҳбарии Толибон дар Афғонистон ба расмият шинохта намешавад, аммо ӯ аз кишварҳои ҷаҳон хост, то аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи Луиджи Ди Майо, агар бо афғонҳо дар Афғонистон кӯмак сурат нагирад, ин боиси муҳоҷирати васеи ғайриқонунӣ хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Италия гуфтааст... Читать дальше...

Қирғизистон гуфт, кони тилои "Қумтор" дар ду моҳ $90 млн даромад овардааст

Ozodi.org 

Дар моҳҳои июн-июли соли 2021 кони тилои "Қумтор" барои Қирғизистон 90 млн доллар фоида овардааст. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр хабар дод. "Дар 21 сол мо аз "Қумтор" ҳамагӣ 84 млн доллар фоида гирифтем, аммо дар моҳҳои июн-июл ин даромад 90 млн долларро ташкил дод. Ана, дар куҷо ҳастанд пулҳои мо. Дороиҳои Қирғизистонро ғорат карданду дуздиданд. Мо фасодкории онҳоро ошкор кардем... Дар Қумтор ҳар моҳ 1,5-2 тона тило истихроҷ мешуд, ки тариқи ҳавопаймо ба хориҷ мебурданд. Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин принял решение о создании новой зоны отдыха у воды в Южном Чертанове



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Племя Гунны: рэпер из США в меланхолии, наш Баста — в музлитературе




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Новак Джокович

Кто транслирует бой Табило против Джоковича на турнире Rome Masters 1000?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России