Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 14.09.2021

“Истиқлол”-и Тоҷикистон бозиро ба “Персеполис”-и Эрон бохт

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон, дар бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи  қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 аз тими “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд ва аз ҳаққи иштирок дар чорякфинал маҳрум гашт.

Ислом Анварзода дар Душанбе "пайдо шуд". Парванда баста мемонад ё таҳқиқ идома мекунад?

Ozodi.org 

Ислом Анварзода, муовини пешини додситон (прокурор)-и ноҳияи Фирдавсии Душанбе ва писари тоҷири шинохта Анвар Қурбонов, ки қаблан бо сабаби набуданаш дар кишвар парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ боздошта шуда буд, дар Душанбе "пайдо шудааст".



Маркази равонпизишкии Кӯлобро мекӯчонанд

Ozodi.org 

Мақомот дар Кӯлоб шифохонаи наве сохтаанд ва мехоҳанд, гирифторони бемориҳои равониро низ онҷо муолиҷа кунанд. Табибон мегӯянд, шифохонаи нав шароити муносиб барои нигаҳдории ингуна беморон надорад.

"Аз ҳам дур ва дар ихтилоф". Баҳси "Толибон" дар нишасти СҲШ баъди як моҳи ба қудрат расиданаш

Ozodi.org 

Баъд аз як моҳи ба қудрат омадани “Толибон”, раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкорҳои Шонгҳой дар ҷаласае дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Ин нишаст ба фарқ аз ҷаласаҳои пешина, ба назар мерасад, барои тақрибан ҳама аъзои созмон чолишбарангез хоҳад буд.

Путин ва Асад дар Маскав мулоқот карданд

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва ҳамтои суриягиаш Башор Асад дар Маскав роҷеъ ба ҳамкориҳои низомӣ алайҳи минтақаҳои таҳти ишғоли мухолифони ҳукумати Сурия гуфтугӯ кардаанд.

"Фикр кунед, ки шумо дар қабр ҳастед"

Ozodi.org 

Даҳҳо зану духтари афғонистонӣ рӯзи 14-уми сентябр дар бинои сафорати он кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, алайҳи "Толибон" ва Покистон шиор доданд. Ҳарчанд мақомоти Покистон даст доштани худро дар дигаргуниҳои охир дар Афғонистон рад кардаанд, иддае ба он бовар надоранд.



Қазоқистон аз шинҷониҳо хост, дар назди консулгарии Чин хайма назананд

Ozodi.org 

Эътирози қазоқтаборон дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато бо талаби қатъи таъқиби наздиконашон дар минтақаи Шинҷон идома дорад. Пулиси Алмато шоми 13-уми сентябр аз эътирозгарон хост, хаймаҳои худро аз назди консулгарӣ барчинанд. Қазоқтаборони норозӣ беш аз ду ҳафта мешуд, ки шабро дар наздикии консулгарӣ мегузаронданд. "Кормандони пулис гуфтанд, ки сокинони маҳаллӣ аз насби хаймаҳо дар роҳ шикоят кардаанд. Дар натиҷа мо зери осмон шабро рӯз кардем. Шаб хеле сард буд. Дохили хайма каме гарм буд", - гуфт яке аз эътирозгарон. Читать дальше...

Гурезаҳои Афғонистон тавассути дарёи Ому ба Узбекистон мегузаранд

Ozodi.org 

Сарфи назар аз он ки Узбекистон аз убури ғайриқонунии марзҳояш шадидан чораҷӯӣ мекунад, фирориёни Афғонистон тавассути Омударё ба Узбекистон мегузаранд. Як сокини ноҳияи Музрободи Узбекистон шаби 12 сентябр хабар дод, ки як гуруҳи фирориёни Афғонистон вориди ҳудуди Узбекистон шудаанд. "Шаби 12 сентябр, тақрибан соатҳои 2 шаб, дар ноҳияи Музробод як гуруҳи афғонҳо дида шуданд. Онҳо дари сокинонро куфта, нон пурсиданд. Ҳоло сарбозон дар кӯчаҳои ноҳия навбатдорӣ мекунанд ва хонаву таҳхонаҳоро мекобанд", - гуфт сокини ноҳияи Музробод. Читать дальше...

Фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Кореяи Шимолӣ муваққатан боздошта шуд

Ozodi.org 

Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар бораи мутаваққиф кардани фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея (ҶМДК) то охири соли 2022, бо сабаби иштирок накарданаш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, қарор қабул кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар асоси ин қарор дар давраи боздоштани фаъолияти КМО чораҳои зерин амалӣ карда мешаванд: - Дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки мебоист ба... Читать дальше...

Узбекистон як театри Қирғизистонро бо $5 млн бозсозӣ мекунад

Ozodi.org 

Бозсозии Театри давлатии узбекии драмавӣ-мусиқии ба номи Бобури шаҳри Ӯши Қирғизистон 13-уми сентябр оғоз шудааст. Ба огаҳии шаҳрдори Ӯши Қирғизистон, комиссияи махсус бо раҳбарии муовини раиси шаҳр Ҷасур Азимов аз театри мазкур боздид карда, бо рафти корҳои бозсозӣ аз наздик шинос шудааст. Ин театр дар доираи созишномаи ҳосилшуда миёни Узбекистон ва Қирғизистон барои тақвияти робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бозсозӣ мешавад. Қарор аст, бозсозии театр ибтидои соли оянда ба поён бирасад. Барои бозсозии он 5 миллион доллар ҷудо шудааст. Читать дальше...

Оё садои занони норозии афғон дар Душанбе шунида мешавад? ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Даҳҳо зану духтари афғонистонӣ рӯзи 14-уми сентябр дар бинои сафорати он кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, алайҳи "Толибон" ва Покистон шиор доданд. Ҳарчанд мақомоти Покистон борҳо даст доштани худро дар ҷанги Афғонистон рад кардаанд, иддае ба он бовар надоранд.

Боздошти табибони қазоқ барои фурӯхтани "гувоҳиномаи ваксина"

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Мангистауи Қазоқистон ҳашт нафарро бо гумони фурӯши гувоҳиномаи қалбакии ваксина, санаде, ки ба сокинон баъди эмшавӣ зидди коронавируси нав дода мешавад, дастгир кардааст. Муовини сардори пулиси Мангистау Олтинбек Калиев гуфт, ин 8 нафар мегӯянд, беш аз 150 гувоҳиномаи сохтаи ваксинаро фурӯхтаанд. Ба гуфтаи Калиев, санадҳои қалбакӣ дар бемористонҳои Жанаозен, Актау ва Мунайлӣ бар ивази то 50 ҳазор танга фурӯхта шудаанд. Дар сурати исботи гуноҳи табибон ва миёнаравҳояшон ба онҳо... Читать дальше...

2,5 ҳазор хонанда дар Алмато ба карантин гирифта шуданд

Ozodi.org 

Дар пайи ошкор шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар 120 мактаби вилояти Алматои Қазоқистон 2,5 ҳазор хонанда ба карантин гирифта шуданд. "Агар мубталошавии хонандае тасдиқ шавад, ҳамаи синфро ду ҳафта карантин мекунанд. Хонандагон баъди ду ҳафта дубора ба мактаб баргашта, дарсро шуруъ хоҳанд кард", - гуфт муовини раиси Алмато Ботирҷон Байжуманов. Ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли хониш дар он вилоят ҷамъан 422 хонанда ва 47 омӯзгор ба коронавирус гирифтор шудааст. Ҳамчунин шумори умумии донишҷӯёне... Читать дальше...

Президенти Шӯрои олимпии Осиё муваққатан аз вазифааш истеъфо дод

Ozodi.org 

Президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ муваққатан аз вазифааш истеъфо дод. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин бора ноиби фахрии президенти ОСА Раҷа Рандир Сингҳ бо пахши изҳорот дар сомонаи расмии ин созмон хабар додааст. "Пас аз ҳукми Суди Женева аз 10-уми сентябри соли 2021 дар мурофиаи Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ӯ эълом дошт, ки муваққатан аз вазифаи президенти ОСА канор меравад ва дар ҷараёни шикоят дар судҳои Швейтсария номашро пок мекунад”... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт в музее-заповеднике им. П.И. Чайковского




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


ATP

Теннисист Медведев может спуститься на пятое место в ATP после "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России