Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 15.09.2021

Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард

Ozodi.org 

Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов ба "ҷиноят ба зидди сулҳ" (моддаи 380-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон) ва "ғоратгарӣ" (моддаи 391-и Қирғизистон) гунаҳкор дониста шудаанд, аммо пайвандонашон розӣ нестанд.

Қирғизистон дар пайванд ба муноқишаи марзӣ 5 касро муҳокима мекунад. Ду нафар аз Тоҷикистон ҳастанд

Ozodi.org 

Қирғизистон дар пайванд ба задухӯрди моҳи апрели имсол дар сарҳад бо Тоҷикистон ба муҳокимаи панҷ нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон, оғоз кардааст. Се гумонбари дигар шаҳрвандони тоҷиктабори Қирғизистон ҳастанд.

Путин намеояд. Раҳмон бо Лаврову Шойгу мулоқот кард

Ozodi.org 

Дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе, ки 16-17-уми сентябр баргузор мешавад, шоми чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Русия дидору гуфтугӯ кард. Маскавро дар ин нишаст вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва дигар мақомот намояндагӣ мекунанд. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон,  дар ин мулоқот  вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон ва масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад. Читать дальше...



Таҷовуз ва кушта шудани як пиразани рус ба сари муҳоҷирон бало овард

Ozodi.org 

Таҷовуз ва қатли як пиразани рус дар канори шаҳри Маскав хашми мардуми як русторо барангехт. Онҳо дар назди як хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик ошӯб бардоштанд ва муҳоҷирон ҳам аз тарс хобгоҳро монда рафтанд.

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар қиёс бо соли 2020 бештар шудааст

Ozodi.org 

Дар 7 моҳи соли 2021 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 640 миллион долларо ташкил дод, ки ба иттилои мақомот, 74 миллион доллар бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта будааст. Соли 2020 давраи авҷи пандемияи коронавирус ва маҳдудият дар ҳаракати одамон ва бору мол ба шумор меравад. Хабаргузории “Ховар” менависад, ин омор рӯзи 15-уми сентябр дар Душанбе аз забони  муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар  Форуми доираҳои тиҷоратии  Тоҷикистон ва Русия садо додааст... Читать дальше...

Ронандагони тоҷик чашм ба роҳи корфармо

Ozodi.org 

Омадани Толибону пандемия сабаби кам шудани кори ронандагони мошинҳои боркаш дар Тоҷикистон шуд. Онҳо мегӯянд, даромади хонаводаҳояшон низ каму зиндагӣ сахт шудааст.



Вазирон гуфтанд, "ҳамроҳи Тоҷикистон ҳастем"

Ozodi.org 

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар сурати "шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон" ва "таҳдид ба марзҳои ҷанубии созмон" ба Тоҷикистон ҳама гуна ёриҳоро хоҳанд расонд.

Вазирони СПАД гуфтанд, "дар сурати таҳдид" Тоҷикистонро танҳо намемонанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар сурати "шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон" ва "таҳдид ба марзҳои ҷанубии созмон" ба Тоҷикистон ҳама гуна ёриҳоро хоҳанд расонд.

"Чизе барои пинҳон кардан надорам, вале..." Телефони фаъолонро дар Қирғизистон кӣ гӯш мекард? ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон телефони беш аз сад нафарро гӯш мекардааст. Дар миёни онҳо фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ ва  сиёсатмадорон ҳастанд. Ин афрод амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ғайриқонунӣ дониста, истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб доранд

Тафтиши хобгоҳҳои муҳоҷирон баъди ёфтани ҷасади як зани рус дар Маскав

Ozodi.org 

Дар вилояти Маскав тафтиши сартосарии хобгоҳҳо ва макони ҷамъомади муҳоҷирон шурӯъ мешавад. Раиси вилояти Маскав Андрей Воробев дар ҷаласаи фаврӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 14-уми сентябр дастур додааст. Ин ҷаласа дар пайи куштори як зани 67-сола дар шаҳри Сергиев Посад доир шуд. Ҷасадро рӯзи 13-уми сентябр дар ҷангал пайдо карданд ва бо иттиҳоми содир крадани ин ҷиноят ду зодаи Тоҷикистон дастгир шудааст. Назари боздоштшудаҳо ба ин иттиҳом маълум нест. Вале баъди ин ҳодиса ва бо талаби сокинони... Читать дальше...

Русия мехоҳад дар Тоҷикистон шӯъбаи Маркази муҳоҷиратро боз кунад

Ozodi.org 

Русия ният дорад дар қаламрави Тоҷикистон шӯъбаи Маркази муҳоҷиратро боз кунад. Кирилл Пуртов, роҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав бо нашри ин хабар гуфт, дар бораи таъсиси чунин марказҳо дар Тоҷикистон бо масъулони Вазорати меҳнату муҳоҷират санадеро имзо карданд. Пуртов гуфтааст, "тақрибан 40 дарсади патенте, ки дар Маскав дода мешавад,  ба муҳоҷирони кории тоҷик дахл дорад. Асосан онҳо дар корҳои рӯбучини кӯчаву хиёбонҳо ва сохтмон машғул мебошанд. Дар ин марказҳо қарор... Читать дальше...

Дар шимоли Тоҷикистон нархи маводи сӯхт андак поин шуд

Ozodi.org 

Нархи маводи сӯхт дар вилояти Суғд то андозае поин омадааст. Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», ҳафтаи ҷорӣ нархи газу бензин дар фурӯшгоҳҳо аз 30 то 50 дирам арзонтар шуда, ҳоло гази моеъ бар ивази 8 сомонӣ ва бензини навъи 92 бар ивази 10 сомонӣ пешниҳод мешавад. Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз аввали сол ба мушоҳида мерасад, вале дар чанд ҳафтаи охир ба таври рекордӣ гарон ва камчин шуд. Намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ сабаби онро ба баланд рафтани нарх дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои содиркунанда рабт доданд. Читать дальше...

Сарнавишти норӯшани Мулло Бародар, муовини раиси ҳукумати "Толибон"

Ozodi.org 

Зоҳиран изҳороти “Толибон” дар бораи зинда будани мулло Абдулғанӣ Бародар суолҳо оиди сарнавишти муовини раиси ҳукумати “Толибон” ва ихтилоф миёни раҳбарони ин гурӯҳи тундгарои исломиро, ки мехоҳад аз як гурӯҳи ошӯбгар ба ҳукумати Афғонистон мубаддал шавад, бештар кардааст. Овозаҳо зиёданд, ки мулло Бародар ҳангоми баҳс бо яке аз раҳбарони “Толибон” кушта шудааст. “Толибон” ҳамчунон ҷой доштани ихтилоф дар байни раҳбарони ин гурӯҳро рад мекунанд. Ба гуфти сухангӯйи “Толибон” Шоҳин Суҳайл, мулло Бародар аз Кобул ба Қандаҳор сафар кардааст. Читать дальше...

Садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони ду нафарро гирифт

Ozodi.org 

Шоми 14 сентябр дар роҳи Душанбе-Хуҷанд як садамаи мудҳиш рух дод. Дар минтақаи Майхураи Варзоб мошини боркаши "Дулан"-и сокини вилояти Хатлон дар роҳ ба сӯи Душанбе  ба самти муқобили ҳаракат баромада  ба 10 мошин бархӯрдааст. Яке аз мошинҳо дар паий бархӯрд ба ҷарии 200 метр сарозер мешавад. Иллати садама маълум нест, вале бархе фарзияҳо ин аст, ки бинобар нуқси техникӣ ронанда идораи нақлиётро аз даст додааст. Дар ин ҳодиса  2 нафар ба ҳалокат расида, 5 каси дигар маҷрӯҳ шудаву ба бемористон интиқол ёфтаанд. Читать дальше...

Раҳбарони Тоҷикистону Покистон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард

Ozodi.org 

Рӯзҳои 16 ва 17-уми сентябр, баробар бо ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон  бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ мекунанд. Ба эҳтимоли ғолиб мавзӯи калидии гуфтугӯҳои Раҳмон бо нахуствазири Покистон Имрон Хон ва вазири хориҷаи ин кишвар Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ  вазъи Афғонистон ва  сари кор омадани гурӯҳи усулгарои исломии «Толибон» хоҳад буд. Дар ҳоле, ки Покистонро пуштибони ин гурӯҳ меноманд, Тоҷикистон гуфтааст... Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

ЮрКисс о черных списках «Русского Радио»: как туда попали SMAMAN, Тимати и Егор Крид





Rss.plus
Арцах

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий




Синоптик Шувалов: солнечная и магнитная активность слабо влияют на погоду

Офтальмолог Елисеева заявила о важности проверки глазного давления после 40 лет

«От всей души благодарю проект»: соотечественник из Туркменистана получил российский паспорт после запроса RT в МВД

Дилеры в России приняли решение о снижении цен на китайский аналог «Камри»




"Тоҷикистон ба занону кӯдакони афғон роҳ дод, мардонро пас гардонд"

Ozodi.org 

Дар даҳ рӯзи охир тақрибан 200 шаҳрванди Афғонистон кӯшиш кардаанд, ки ба хоки Тоҷикистон биоянд. Мақомот дар вилояти Хатлон гуфтанд, ба тақрибан сад зану кӯдак иҷозаи даромадан дода шуд, аммо беш аз сад мард ҳаққи вуруд пайдо накарданд.

160 ҳазор еврои ИА ба 5 ҳазор фирориёни афғон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, барои кӯмак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро кӯмаки башарӣ ихтисос медиҳад. Дар иттилоияи ин ниҳод аз рӯзи 14-уми сентябр гуфта мешавад, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, то 5 ҳазор фирориён аз Афғонистон паноҳ бурдаанд. Қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон  гуфт, ки  80 хонавода аз Афғонистон бо фарзандони худ "аз тарсу ваҳми қасди кушторашон" мехоҳанд, ба кишвар ворид шаванд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 1-уми сентябр гуфт... Читать дальше...

Зас: "Дар сурати шиддатёбии вазъ дар сарҳад бо Афғонистон, СПАД ба Тоҷикистон ёрӣ мекунад"

Ozodi.org 

Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ мегӯяд, дар сурати шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон, "кишварҳои узви СПАД ба ин ақида ҳамфикранд, ки ба Тоҷикистон кумак мекунанд".

Дар Тошканд қаҳрамони ҷаҳон оид самборо куштанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон Камолиддин Расулови 29-сола, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо бо зарби корд кушта шуд. Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад, ки дар ин куштор варзишкори дигар гумонбар мешавад. Ин ҳодиса шоми 13 сентябр дар шаҳри Тошканд рух додааст. Ш.Т., гумонбар дар қатли Расулов шом соати 21:30 дақиқа ба Камолиддин тамос гирифта, шикоят кардааст, ки сиҳатиаш аз истеъмоли витаминҳои Humo Trop бад шудааст. Ш.Т. витаминҳои мазкурро бо тавсияи Расулов харидаву истеъмол кардааст. Дар... Читать дальше...

Эътирози садҳо нафар дар Қандаҳор

Ozodi.org 

Садҳо тан дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон рузи сешанбеи 14-уми сентябр дар эътироз ба амалкардҳои Толибон тазоҳурот карданд. Толибон садҳо тан аз сокинони маҳалли Фирқаи куҳнаи ин шаҳрро маҷбур карданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва аз маҳал берун раванд. Ба навиштаи рузномаи "Ҳашти субҳ", эътирозгарон, ки аксари онҳо занон буданд, гуфтаанд ки Толибон ҳудуди се ҳазор хонаводаро маҷбур кардаанд, ки давоми се руз хонаҳои худро тарк кунанд. Аксари ин хонаводаҳо сарпараст ва ноновари худро дар натиҷаи ҷанг аз даст додаанд. Читать дальше...

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ даргузашт

Ozodi.org 

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ шоми 14-уми сентябр даргузашт. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Азиззода се рӯз пеш дар Беморхонаи "Истиқлол"-и Душанбе аз ноҳияи сараш ҷарроҳӣ шуда буд. Як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҳир Азиззода аз оғози моҳи сентябр дар ҷойи кор набуд ва табобат мегирифт. "Якбор бемор шуда, беҳтар шуда буданд, аммо аввали моҳ дубора саломатиашон бад шуд ва барои табобат ба Душанбе рафтанд",-гуфт масъули ҳукумати Мастчоҳ. Дар назар аст, ки... Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Bon Jovi

Гітарист Річі Самбора шкодує, що не пішов із Bon Jovi раніше




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


Новак Джокович

Кто транслирует бой Табило против Джоковича на турнире Rome Masters 1000?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России