Вазири пешини корҳои дохилии Қирғизистон "сафед" шуд
Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро дар мавриди бегуноҳии вазири пешини корҳои дохилии он кишвар Молдомусо Конгантиев бетағйир боқӣ гузошт. Ин қарор 3 июн қабул шуд, гуфт Икромиддин Айткулов, вакили мудофеи вазири пешин.
Айткулов гуфт, додгоҳи олӣ дар рафторҳои Конгантиев таркиби ҷиноятро пайдо накард.
Ба гуфтаи вакили дифои вазири пешин, дар мурофиаҳои гузашта шахсоне бозпурсӣ шуданд, ки дар доираи парвандаи марбут шоҳиди ҳодисаи 24 марти соли 2005 дониста мешуданд. Яке аз шоҳидон - раҳбари пешини бахши Бонки миллии Қирғизистон дар Ҷалолобод Мелис Ботирбеков гуфтааст, даъвое надорад.
Конгантиев дар хунукназарӣ айбдор мешавад. Ӯ соли 2005, ҳангоми сардори Идораи ҳаракат дар роҳҳо буданаш дархости кумаки Ботирбековро, ки латукӯб ва таҳдид шуда буд, рад кардааст. Вале ба гуфтаи вакили дифоъ, Ботирбеков гуфтааст, ки Конгантиев барои берун бурдани хонаводааш кумак карда буд.
Парвандаи дувуми Конгантиев бо ҷурми "берун баромадан аз доираи салоҳиятҳо" боз шуда, ба ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 марбут аст.
Кумитаи амнияти Қирғизистон 18 июни соли гузашта гуфт, парвандаи ҷиноии зидди вазири пешини умури дохилии ин кишвар ба иллати ҷой надоштани ҷиноят дар амалҳои ӯ дар моҳи апрели соли 2010 қатъ шуд.
Вале як моҳ пас президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Додситонии кулли ин кишвар дастур дод, ки парвандаро омӯзад ва ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Додситонӣ низ пас аз омӯзиш қарори Кумитаи амниятро бекор карда, парвандаро барои санҷиш бозпас фиристод.
Генерал-лейтенанти милитсия Молдомуса Конгантиев аз моҳи январи соли 2008 то моҳи апрели соли 2010 вазири умури дохилии Қирғизистон буд.