Маросими гиромидошти кушторҳои соли 1989 дар Тянанмин онлайнӣ барпо мешавад
Рӯзи 4 июн фаъолони демократӣ ва ҳомии ҳуқуқ дар саросари Ҳонгконг кушторҳои ҷамъии мардум дар майдони Тянанминро дар соли 1989 гиромӣ хоҳанд дошт. Нахустин бор дар 31 соли охир маъракаҳои асосӣ дар ин замина бекор шуданд, вале маросими дигаре бар ивази он ба нақша гирифта шудааст. Дар саркӯбҳои беш аз се даҳсола пеш садҳо ва шояд ҳазорҳо эътирозгари режими Чин кушта шуданд ва то ҳол ин мавзӯъ дар Чин ба таври рӯшод матраҳ намешавад. То соли ҷорӣ дар Ҳонгконг ҳамеша маросими хосе ба ёди қурбониҳои он саркӯбҳо баргузор мешуд: дар боғи ғалабаи Ҳонгконг мардум бо шамъҳои фурӯзон ёди қурбониҳоро гиромӣ медоштанд. Вале имсол полис амр дод, ки ин маросим бо сабаби зарурати нигаҳдошти фосилаи байни одамон бекор шавад. Ташаббускорон даҳҳо ҳазор ширкатдори ҳарсолаи ин маросимро даъват карданд, ки дар барномаи онлайнии онҳо бо шамъҳои фурӯзон иштирок кунанд. Дар Ҳонгконг афзоиши таниши сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ҳафтаи гузашта дар Чин қонуни нави амнияти миллӣ қабул шуд ва ин қонун вижагиҳои мақоми мухторияти Ҳонгконгро сарфи назар кард. Гурӯҳҳои демократӣ ин қонунро ҳамчун бахше аз маъракаи саркӯби ҳуқуқи демократии шаҳрвандон маҳкум карданд. Инчунин қарор аст рӯзи 4 июн маҷлиси Ҳонгконг дар заминаи тарҳи қонуни ҷиноят арзёбӣ кардани масхараи суруди миллии Чин овоздиҳӣ барпо кунад.