Ҳалокати ду кас дар зери ярч дар "Роғун". Наздикон нигаронанд, ки то ҳол ҷасадро наёфтаанд. ВИДЕО
Пайвандони як ронандаи мошини боркаш дар Тоҷикистон аз мақомот талаб доранд, ки ҷасади ӯро аз зери хоку шағал дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" зудтар берун биоранд, то бо риояи русуми динӣ дафн карда шавад. Бахтиёр Файзови 60-сола ду сол боз дар нирӯгоҳ ба ҳайси ронанда кор мекардааст.