Муҷассамаҳо хароб, парчамҳои конфедератсия ҳамчун рамзи нажодпарастӣ дар ИМА манъ мешаванд
Муҷассамаи кашшофи итолиёӣ Христофор Колумб ва шахсиятҳои маъруфи даврони ҷанги шаҳрвандии ИМА, ки дар ҷануби ин кишвар аз ғуломдорӣ ҳимоят кардаанд, дар пасманзари амалҳои зидди рамзҳои нажодпарастӣ дар паи марги амрикоии африқоитабор аз дасти полиси Миннеаполис мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.
Шоми 10 июн дар шаҳри Ричмонди Вирҷиниа муҷассамаи Ҷефферсон Девис, президенти ҷудоиталаби даврони ҷанги шаҳрвандии ҷануби Амрико барчида шуд. Аз ин пеш даҳҳо нафар дар Миннеаполис пайкараи Христофор Колумбро барчиданд. Бисёр фаъолон ба ин чиз мухолиф баромаданд, чунки ба назари онҳо, омадани Колумб ба Амрико ба мустамлика ва наслкушии сокинони бумии минтақа сабаб шудааст.
Як фаъоли ҷамъиятӣ ба матбуот гуфт, ки баъди марги Ҷорҷ Флойд ин кори дуруст буд. Рӯзи 10 июн бародари Флойд дар назди як кумитаи маҷлиси намояндагон суханронӣ кард ва баъди ин раиси маҷлис Ненси Пелосӣ ба барчидани муҷассамаҳои раҳбарони конфедератсия аз бинои Капитолия амр дод. Дар як қарори дигар Анҷумани миллии пойгаи мошинҳо (NASCAR) ҳам тасмим гирифт, ки парчами конфедератсия аз мусобиқаҳояш пок карда шавад. Барои бисёриҳо ин ҳамчун рамзи ғуломдориву надодпарастӣ арзёбӣ мешавад.