Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Талафот аз коронавирус дар Тоҷикистон як нафар зиёд шуд. Беш аз 3000 кас шифо ёфтаанд

0
Талафот аз коронавирус дар Тоҷикистон як нафар зиёд шуд. Беш аз 3000 кас шифо ёфтаанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта як нафар аз бемории COVID-19 фавтидааст ва шумори умумии ҷонбохтагон рӯзи 11-уми июн ба 49 нафар расид.

Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативӣ дар Интернет теъдоди фавтидагон аз бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад кас ҳисоб шудааст. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд ва мегӯянд, дар ҳашт рӯзи ахир марги танҳо як нафар аз бемории ҳамагир тасдиқ шуд.   

Аммо он чи омори расмиро зери шубҳа мегузорад, нашри хабари даргузашти ин ё он нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наздикону дӯстонашон аст. Пайвандони фавтидагон бовар доранд, онҳо аз бемории ҳамагир ҷон бохтаанд, чун зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн шудаанд. 

Вале мақомот пойфишорӣ доранд, ки марги онҳо аз бемории илтиҳоби шуш, қалбу қанд, гурдаву ҷигар ва маризиҳои дигар аст. Мутахассисон мегӯянд, зоҳиран мақомот онҳоеро қурбониёни COVID-19 ҳисоб мекунанд, ки санҷиш бемориашонро тасдиқ кардааст. Дар Тоҷикистон рӯзона 450-500 тести коронавирус истифода мешавад ва ин наметавонад аксариятро фаро гирад.  

Ба иттилои расмӣ то 11-уми июн дар Тоҷикистон гирифтории 4834 нафар ба COVID-19 тасдиқ шудааст. Дар як шабонарӯзи ахир бемории 71 нафарро собит кардаанд. Маълум нест омори расмӣ беморонеро, ки дар хона муолиҷа мегиранд, дар бар мегирад, ё не. 

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то ин дам 3062 бемор аз коронавируси нав шифо ёфтаанд ва тақрибан 900 каси дигар дар шифохонаҳо зери назорати пизишкон ҳастанд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 10-уми июн барои ​надоштани ниқоби тиббӣ, ​паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва​ нашри ахбори ғалат дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима муқаррар карданд. Аммо барои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи бемории ҳамагир муҷозот пешбинӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистонро барои саривақт эътироф накардани мавҷудияти вируси нав ва пинҳон доштани омори воқеии гирифторону ҷонбохтагон танқид мекунанд.

Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Дар саросари ҷаҳон теъдоди беморони COVID-19 аз 7 миллиону 415 ҳазор бештар шуда, зиёда аз 417 кас фавтидаанд. Тақрибан севуним миллион шахс шифо ёфтаанд. 

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед





Губернаторы России
Москва

Мэр: Порядка 20 новых ЖК передали под заселение по программе реновации с начала года





Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об инвестировании в отечественные цифровые технологии


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Производство одежды в Москве за последние пять лет выросло в 62 раза



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певец

Певца и поэта Рябуху наградят званием «Заслуженный артист Забайкальского края»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о популяризации спорта

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Деловой квартал построят в Ясеневе по программе комплексного развития территорий



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России