Озмуни сафорати Амрико барои ширкат дар барномаи "Фулбрайт"
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе барои иштирок дар барномаи "Фулбрайт" барои мутахассисон озмун эълон кард. Мӯҳлати охирини супурдани ҳуҷҷатҳо якуми август таъин шудааст.
Барнома ба созмону муассисаҳо имконият медиҳад, мутахассисонеро бипазиранд, ки дар амалӣ кардани тарҳҳои таҳсилӣ кумак карда метавонанд.
Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе муддати барнома аз 14 то 42 рӯзро дар бар мегирад.
Мактабҳои олӣ, вазорату оҷонсиҳо, мақомоти қонунгузор, муассисаҳои фарҳангӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои тиббӣ метавонанд барои иштирок дар ин барнома дархост пешниҳод кунанд.
Мутахассисоне, ки дар гузашта дар чунин барномаҳо иштирок кардаанд, дар гузаронидани семинарҳо, таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва маводи дарсӣ, арзёбиву баҳодии барномаҳои муассисаҳо мусоидат намудаанд.