Шумори гирифторон ба панҷ ҳазор наздик шуд. 3158 кас шифо ёфтаанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, то рӯзи 12-уми июн 3158 нафар ё зиёда аз 64 дарсади гирифторони коронавируси нав шифо ёфтаанд.
Мақомот мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта бемории 68 кас собит шуд. Шумори умумии гирифторон ба 4902 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти вируси нав 49 нафар фавтидаанд.
Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативӣ дар Интернет теъдоди фавтидагон аз бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад кас ҳисоб шудааст. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд ва мегӯянд, дар ҳашт рӯзи ахир марги танҳо як нафар аз бемории ҳамагир тасдиқ шуд.
Аммо он чи омори расмиро зери шубҳа мегузорад, нашри хабари даргузашти ин ё он нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наздикону дӯстонашон аст. Пайвандони фавтидагон бовар доранд, онҳо аз бемории ҳамагир ҷон бохтаанд, чун зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн шудаанд.
Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед