Муҳоҷирон то 15 сентябр имтиёз гирифтанд, аммо дигар аз пули патент озод нестанд
Муҳлати будубоши муваққат ва сабтиноми муҳоҷирон (регистратсия) дар Русия то 15-уми сентябри имсол дароз карда шуд. Дар ин бора рӯзи 15-уми июн Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, қарори наверо имзо гузошт. Матни қарор дар пойгоҳи иттилооти санаду ҳуҷҷатҳои расмии ҳукумати Русия нашр шудааст.
Путин дар қарори пешина, ки рӯзи 18-уми апрел содир шуда буд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷикро аз пардохти пули патент (аз 15-уми март то 15-уми июн) озод кард. Аммо муҳоҷирон минбаъд (баъд аз 15-уми июн) аз пардохти пули патент озод нестанд ва бояд онро пардозанд. Танҳо имтиёз ин аст, ки муҳоҷироне, ки муҳлати патенташон ба поён мерасад, бе гузаштан аз марзи Русия метавонанд онро дароз кунанд. Пештар муҳоҷирон вазифадор буданд, дар ҳар се моҳ як бор сарҳади Русияро бигузаранд.
Бо паҳншавӣ ва густариши коронавирус дар Русия қариб ба муҳлати ду моҳ карантин ҷорӣ шуд. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар ин давра бекор ва бемаош монда, агар дар гузашта ноновари хона дар Тоҷикистон буданд, ба дастнигар табдил шуданд.
Бисёре аз муҳоҷирон мегӯянд, дар шароити сахте қарор гирифта, ба сабаи пардохта натавонистани иҷора аз ҷойи зист маҳрум шуданд. Гуруҳи дигар барои хариди хӯрок пул надоштанд.
Бархе аз соҳибкорон ва гуруҳҳои хайрхоҳ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия ба муҳоҷирони дармонда бастаҳои хӯрок хайр карданд.