Сокинони Рӯшон дигарбора дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шудаанд
Гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16-уми июн дигарбора дар назди бинои ҳукумати ноҳия ҷамъ шудаанд. Онҳо мегӯянд, гуфтушунидҳои пешина бо раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ва маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷа надоданд.