Решаҳои рӯйдодҳои Рӯшон. Худхоҳии маҳаллӣ, вокуниш ба зӯроварӣ ё мушкилоти иҷтимоӣ?
Эътирози навбатӣ дар ноҳияи Рӯшон бо ҷаримаи нафарони гумонбар барои монеъ шудан ба кори маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми амалиёт анҷом шудааст. Радиои Озодӣ бо мардум дар бораи эътирози онҳо ва далелҳои норизоятияшон суҳбат кард.