Музокироти Амрико ва Русия дар шаҳри Вена баргузор мешавад
Қарор аст, Амрикову Русия дар оғози ҳафтаи оянда музокиротро барои назорати аслиҳаи ҳастаӣ дар шаҳри Вена, маркази Австрия, баргузор кунанд. Бар асоси хабарномаи Вазорати умури хориҷии Амрико, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида оид ба назорати аслиҳа Маршал Биллингслеа бо муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков рӯзҳои 22 ва 23-юми июн дидор хоҳад кард. Амрико Чинро барои ин гуфтугӯҳо даъват кардааст, аммо то кунун Пекин иштирок дар музокиротро рад намудааст. Созишномаи нави START, охирин паймони асосии назорати аслиҳа миёни Иёлоти Муттаҳида ва Русия, моҳи феврали соли 2021 ба поён мерасад. Аз рӯйи созишнома шумораи кӯлоҳакҳои ҳастаӣ ва системаҳои ба ном расонанда, ки ҳарду кишвар доранд, кам карда мешаванд. Дар ҳоле ки Маскав барои панҷ сол дароз кардани созишнома талош кардааст, Вашингтон розӣ нашуда ва гуфтааст, мехоҳад созишномаро бо ҳамроҳ кардани Чин густурда кунад.