Ҷасади Ғуломризо Мансуриро дар меҳмонхонаи Бухарест ёфтанд
Ҷасади Ғуломризо Мансурӣ, додраси эронии муттаҳам ба фасоди молиро, ки бар асоси ҳукми додгоҳе дар Руминия шартан озод буд, рӯзи ҷумъа дар меҳмонхонае дар Бухарест пайдо кардаанд. Дар гузориши пулис ба номи ин фард ишора нашудааст, аммо дар бораи ҳувияти ӯ гуфтаанд, "як эронии 52-сола ва зери назорати додгоҳ буд". Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин шахс Ғуломризо Мансурӣ аст, ки ҳафтаи гузашта дар Бухарест боздошт шуд. Пулис гуфт, дар ҳоли таҳқиқи сабабҳои марги Мансурӣ аст.