Ҳалокати сарбози тоҷик. Аз тири ҳамхидмат, ё ҳангоми пок кардани силоҳ?
Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи марги як марзбони ҷавон дар ноҳияи Мурғоб оғоз кард. Ба иттилои манобеи тафтишотӣ, Нозимҷон Гулиеви 20-сола ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ аз тири силоҳ ҷон бохтааст.