Ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар нисфи ИМА афзоиш ёфтааст
Коронавирус дар ҷанубу ғарби ИМА афзоиш ёфта хатари дар пеш будани авҷи вируси навро ба вуҷуд овардааст. Дар ин кишвар шумори қурбониҳои COVID-19 аз 120 ҳазор нафар гузашт. Ҳодисаҳои нави олудашавӣ дар 23 аёлат ва бистарӣ шудани беморони бештар дар Техас, Аризона, Ҷорҷиа, Флорида ва нуқоти дигар мушоҳида мешавад. Шаҳри Ню-Йорк, ки замоне нуқтаи доғи пандемия буд ва 22 ҳазор сокинаш даргузашт, аз 22 июн қадаме барои боз кардани маҳдудиятҳо гузошт. Дар давраи дуюми сабук кардани маҳдудиятҳо фурӯшгоҳу сартарошхонаҳо боз шуда, тарабхонаҳо аз берун хидматрасонӣ мекунанд ва бархе дафтарҳои корӣ кормандонро ба офисҳо даъват мекунанд. Дар саросари ҷаҳон то имрӯз беш аз 9 миллион нафар ба вирус олуда шуда марги 471 нафар тасдиқ шудааст. Дар Аврупо шумори талафоти инсонҳо 193 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вале ҳукуматҳо мегӯянд вазъро таҳти назорат қарор додаанд ва ҳар иқдоме барои боз кардани тиҷорату корхонаҳо бо риояи меъёрҳои эҳтиёткорӣ гирифта мешавад. Майкл Раян, раҳбари умури изтирории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 22 июн гуфт, ки беморӣ дар ҳудуди ИМА ва бархе кишварҳои дигар “воқеан ҳам афзоиш меёбад”. Охирин хабарҳо дар бахши таҳияи воксинаи зидди коронавирус ҳокӣ аз он аст, ки ширкати дорусозии фаронсавии Sanofi умед дорад рӯзи 23 июн иҷозаи дар нимаи аввали соли оянда ба истифода додани воксини наверо дарёфт мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати бритониёии GlaxoSmithKline таҳия кардааст.