Як додраси фирории эронӣ аз баландошёнае дар Руминия афтода даргузашт
Таҳқиқи пешакии колбадшикофон дар Руминия мегӯяд, додраси фирории эронӣ, ки дар муқобили хатари истирдод ба ватан қарор дошт, аз ошёнаи баланди меҳмонхона афтода даргузашт. Ҷасади Ғуломризо Мансурӣ рӯзи 18 июн дар даромадгоҳи Duke Hotel дар маркази шаҳри Будапешт ошкор шуд. Колбадшикофӣ нишон дод, ки додрас ва рӯҳонии 52-сола дар натиҷаи ба замини сахт афтодан ҷон додааст. Додситонии Руминия рӯзи 23 июн гуфт, ки меҳмонхона шашошёна аст ва Мансурӣ эҳтимолан аз яке аз ин баландиҳо афтодааст. Дар изҳороти додситонӣ гуфта мешавад, ки наворҳои видеоии фаъол дар дохили меҳмонхона барои омӯзиш гирифта шудаанд. Мансурӣ рӯзи 12 июн бар асоси дархости ҳукумати Эрон дар Бухарест боздошт ва таҳти “назорати судӣ” гирифта шуд. Мақомоти Эрон ӯро дар порагирӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор евро аз як соҳбикори маҳаллӣ гунаҳгор мекарданд ва қарор буд рӯзи 10 июл ба ватанаш истирдод мешуд. Айни замон, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон “Гузоришгарони бидуни марз” барои “боздошту шиканҷаи” дасти кам 20 журналист дар Эрон талаб мекарданд, ки Мансуриро ба ҷавобгарӣ бикашанд.