Русия ба 8 парвози чартерӣ иҷозат дод. Тоҷикистон шаҳрвандонро бармегардонад
Аз 25-уми июн Тоҷикистон бо ҳашт парвози чартерӣ шаҳрвандони ниёзмандашро аз Русия ба ватан бармегардонад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Русия барои иҷрои парвозҳо иҷозат додааст, аммо нархи билет расман маълум нест.