Президенти пешини Қирғизистон дар зиндон бо илтиҳоби шуш бистарӣ шуд
Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон дар бемористони маҳбас бо илтиҳоби шуш бистарӣ шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон хабар дод.
КДАМ мегӯяд, ташхиси Отамбоев гирифторӣ ба COVID-19-ро тасдиқ накардааст. Ин ниҳод ҳамчунин хабар дод, дар боздоштгоҳ - ҷое, ки Отамбоев нигаҳдорӣ мешавад, "талаботи беҳдоштӣ қатъиян риоя мегардад".
Аъзои хонаводаи Отамбоев мегӯянд, ӯро дар боздоштгоҳ барқасдона мубталои коронавирус кардаанд. Изҳороти хонаводаи Отамбоевро писари вай Саид Отамбоев дар "Фейсбук" нашр кард.
Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки "ҳадди ақал даҳ тан аз боздоштшудаҳо ба COVID-19 гирифтор шудаанд".
Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 23 июн президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро 11,2 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ ӯро дар ташкили фасодкорӣ дар парвандаи озодсозии соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев айбдор донист.
Отамбоев ҳамзамон аз ҳамаи рутбаҳои давлатӣ, ҷоизаву орденҳо ва соати махсуси президент маҳрум шуд.
Президенти пешин расман моҳи августи соли 2019 боздошт ва айбдор шуд.