Помпео гуфт, бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Миёна "сӯҳбати олӣ" дошт
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико суҳбати худ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1-ро "олӣ" хонд. Вазири умури хориҷии Амрико дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" навишт, ки Амрико ба пуштибонии худ аз истиқлолият ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад.
Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мавсум ба "С5+1" рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА-Майк Помпео, Қазоқистон-Мухтар Тлеуберд, Тоҷикистон-Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон-Чингиз Айдарбеков, Узбекистон Абдулазиз Комилов ва Туркманистон-Рашид Мередов иштирок карданд.
Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар ин гуфтугӯ масълаи мубориза бо бемории КОВИД-19, паёмадҳои он ба арсаҳои тандурустӣ ва иқтисодӣ, талошҳои кишварҳо барои бартараф кардани он ва таъмини амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин ҷаласаи онлайни гуфтааст, ки гурӯҳҳои кории иқтисодӣ ва муҳитизистӣ дар қолаби С5+1 низ метавонанд дар бартараф кардани мушкилиҳои соҳаҳои хеш нақш дошта бошанд.
Манбаъ мегӯяд, ҷониби амрикоӣ аз омодагиҳо барои истифодаи имкониятҳои худ ба ҳадафи рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва рушди савдо хабар додааст.
Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавиро муқаррар кардаанд. Ин шакли нави ҳамкориҳо "С5+1" ном гирифтааст. Дар ин мулоқот чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар шуд.