Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Даргузашти сардухтури зоишгоҳи Хуҷанд дар Бемористони касалиҳои сироятӣ

0
Даргузашти сардухтури зоишгоҳи Хуҷанд дар Бемористони касалиҳои сироятӣ

Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 4-уми июл дар Беморхонаи бемориҳои сироятӣ даргузаштааст.

Навбатдори Раёсати тандурустии Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонум Бузрукова аз рӯзи 30 юми июн то то рӯзи маргаш дар беморхонаи сироятии вилоятӣ бистарӣ буд ва дар ҳамон ҷо вафот кард.

Нодирa, духтари Шоира Бузрукова гуфт, модаркалонаш,- модари Шоира Бузруковаро низ бистарӣ кардаанд, вале ӯ  дар бораи бемории модару модаркалонаш чизе гуфтан нахост. Ба гуфтаи ӯ, модараш моҳи декабри имсол 50-сола мешуд.

Сабаби марги пизишки маъруфро мақомот низ расман шарҳ надоданд, вале дар беморхонаи сироятии Суғд, ки ин пизишк бистарӣ буд, асосан беморони гирифтори вируси COVID-19 ва бемориҳои монанд ба ин, мисли илтиҳоби шуш табобат мешаванд. Ин нахустин бемористон дар шимоли Тоҷикистон аст, ки аз аввали моҳи апрел ба низоми карантин гузашт ва то ҳол бо ин низом кор мекунад.      

Шоира Бузрукова, арӯси хонаводаи Муҳиддин Хоҷазод, адиби тоҷик аст. Моҳи апрел хабар нашр шуда буд, ки ин адиби тоҷик бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш”  ҳамроҳи як писараш дар бемористони шаҳрии рақами 2-и Хуҷанд таҳти табобат қарор доранд.

Рӯзи 23-уми апрел Шоира Бузурокова ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки бемории Муҳиддин Хоҷазода аз сармохуриву гулӯдард сар шуд ва аҳволи саломатиаш дар беморхона беҳтар гардидааст.

Табибон гуфта буданд, ки писари адиб низ бо таб ва нишонаи “илтиҳоби шуш” бистар гардид, вале беҳбуд ва сиҳат ёфт.

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки “илтиҳоби шуш” ҳамон коронавирус аст, ки мақомот ба хотири кам нишон додани теъдоди сироятёфтагон ва ҳам бар души давлат нагирифтани табобати беморон чунин номаш мебаранд.

Бо вуҷуди ташхиси мазкур, манзили зисти хонавода дезинфексия ва аъзои он карантин шуданд. Аз онҳо Муҳайё Музаффарова, ҳамсари Муҳиддин Хоҷазод , ки синнаш аз 70 боло буд, бо бемории илтиҳоби шуш дар бемористон бистарӣ гардид ва рӯзи 28 апрел даргузашт. Худи нависанда детар сиҳат шуда, ба хона баргаштааст.

Шоира Бузрукова дорандаи унвони номзади илми тиб буда, қаблан дар раёсати тандурустии вилояти Суғд ба ҳайси муовини сардор кор мекард, сипас сардухтури зоишгоҳ ё таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд буд.

Ӯ ҳамзамон вакили маҷлиси вилояти Суғд низ буд.

Дӯстон ва ҳамкасбонаш даргузашти ӯро талафоти сангине ба тибби тоҷик  номида, аз хонум - Бузрукова чун инсони неку мутахассиси кори худ ёд мекунанд.

Шоира Бузрукова танҳо пизишке нест, ки пас аз эътирофи бемории коронавирус мефавтад. То ҳол исми даҳҳо пизишке расонаӣ шудааст, ки дар се моҳи ахир фавидаанд. Аз ҷумла, ба дасти Радиои Озодӣ рӯйхате расид, ки бино бар он дар ду моҳи ахир 24 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон фавтидаанд. Дар санадҳои расмӣ иллати марги онҳо "илтиҳоби шуш" дарҷ шудааст. Мақомоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки омор дуруст аст.

Наздикони бархе аз пизишкони фавтида гуфтанд, онҳо бештар гирифторони коронавируси навро табобат мекарданд ва зоҳиран бемории ҳамагир сироят кардааст.

Бархе аз пизишкон мегӯянд, дар рӯзҳои аввал онҳо дар бораи вуҷуди бемории ҳамагир чизе намедонистанд ва аксаран беморонро бе либосҳои муҳофизатӣ муоинаву муолиҷа мекарданд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, то ин дам 52 кас ҷон бохтаанд. Дар тақрибан ду ҳафтаи ахир фавти беморони COVID-19 сабт нашудааст. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то нимаи дувуми моҳ июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси нав ва илтиҳоби шушро тартиб додаанд, вале дар бештар аз ду ҳафтаи ахир дар ин рӯйхат низ иттилое ворид нашудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

"СВЯТОЙ ЛЕНИН" раскрыл загадку В.В. Жириновского и В.Г. Мессинга. СЕНСАЦИОННЫЕ ДАННЫЕ!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Денис Мацуев

Как в Уфе прошел первый день музыкального фестиваля «Денис Мацуев представляет: диалог поколений» - сюжет «Вестей»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

В новой Москве соревновались нештатные формирования

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»


Ролан Гаррос

Арина Соболенко повторила уникальное достижение Азаренко на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Baza: прощание с Анастасией Заворотнюк может пройти в театре имени Табакова



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России