Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Ҳукми Светлана Прокопева: 500 ҳазор рубл ҷарима барои "сафед кардани терроризм"

0
Ҳукми Светлана Прокопева: 500 ҳазор рубл ҷарима барои

Додгоҳе дар Русия рӯзи 6 июл журналисти муттаҳам дар “сафед кардани терроризм”-ро гунаҳгор ва ӯро ба пардохти 500 ҳазор рубл ҷарима муваззаф кард. Ба Светлана Прокопева наздики 7 соли зиндон таҳдид мекард. Хабарнигори маҳкумшуда гуфт, ки бо ҳукм розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард.

Мурофиаи Прокопева мавриди интиқоди ҷомеаи журналистӣ шуд, ки аз мақомот талаб доштанд Светлана Прокопева сафед ва озод шавад.

Прокопева барои шарҳаш дар заминаи сабабҳои як худкушӣ дар назди идораи ФСБ-и Архангелск соли 2018 дар “сафед кардани терроризм” муттаҳам шуд. Додситонҳо мехостанд, ки Прокопева ба то ҳафт соли зиндон маҳкум шуда, давоми чор сол аз ҳақи кор ба ҳайси журналист маҳрум шавад. Прокопева ҳамчунин бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки худро бегуноҳ мешуморад ва қазияашро ҳамчун талоши “куштори озодии баён” қаламдор кард. Рӯзи 3 июл дар сухани охиринаш дар додгоҳ Прокопева гуфт: “Ман аз танқид кардани ҳукумат наметарсам”. Ӯ афзуд: “Ман аз интиқод кардани сохторҳои қудратӣ ваё ба онҳо гуфтан, ки шумо хато мекунед, наметарсам. Чаро ки медонам, агар нагӯям, агар дигарҳо нагӯянд, хеле бад мешавад”. Ӯ аз додрас хост, ки вақти ҳал кардани сарнавишти ӯ “принсипҳои бунёдии ҷомеа” фаромӯш намешавад. “Манзури ман озоди баён, мавқеи журналист ва рисолати мабуот аст”, гуфт ӯ. Прокопева гуфт, “Ман кори худро иҷро кардам. Ман кореро, ки берун аз чаҳорчӯби вазифаҳои касбиам бошад, накардаам. Ин ҷиноят нест”.

Прокопева дар робита бо як шарҳаш, ки моҳи ноябри соли 2018 дар радиои “Эхо Москвы в Пскове” ва баъдан дар блогаш нашр карда буд, муҳокима шуд. Матбуоти русӣ гузориш дод, ки марди дар назди идораи ФСБ-и Архангелск таркида  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ФСБ-ро барои қонуншиканиҳо муттаҳам мекард. Дар шарҳаш Прокопева ин мавқеи ноболиғи худкушикардаро ба фазои сиёсии давраи президент Владимир Путин рабт дод. Ӯ тахмин кард, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар маҳдуд шуда мардумро ноумед мекунад.

 

Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО рӯзи 3 июл дар як  изҳороташ гуфт, “мо аз он нигаронем, ки мақомоти русӣ омода ҳастанд  бо як хабарнигори маъруф, ки  зимнан дар баръакси он чи ки гунаҳгораш мекунанд, кардааст, бераҳмӣ нишон диҳанд.  Назари Светлана талоши дарки сабабҳои фоҷеа буд. Назари ӯро ба унвони “сафед кардани терроризм” мурраифӣ кардан – ин нақзи донистаи ҳақиқат ва як амали дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, ки ҳадафаш пахши садои интиқод мебошад”.

Ба ҳимояти Прокопева ва талаби озод кардани ӯ беш аз 30 журналист садо баланд карда изҳорот нашр намуданд.

 Дар изҳороти рӯзи 3 июл сухангӯи Иттиҳоди Аврупо Петер Стано тақозо кард, ки парвандаи Прокопева бекор шавад ва ин қазияро ҳамчун баёнгари “фазои торафт маҳдудшавандаи кор барои журналистони мустақил ва ҷомеаи мадании Русия” интиқод кард.

Human Rights Watch гуфт, ки таъқиби Прокопева нақзи озодии баён аст ва на танҳо ба ӯ рабт мегирад. Дафтари воқеъ дар Ню-Йорки ин созмон бо пахши  изҳороте гуфт: “Ин як пайғоми сӯзандае мефиристад, ки дар Русия матраҳ кардани  саволҳои нохушоянд ҷазои сангин хоҳад дошт ва ин ҳамон дарсест, ки мақомот чандин сол аст мехоҳанд ба матбуот бидиҳанд”.

Парвандаи Прокопеваро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Гузоришгарони бидуни марз,  Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ва Федератсияи аврупоии журналистон интиқод карданд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Фонд музея-заповедника «Царицыно» собрал 61 тыс. произведений искусства





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Фонд музея-заповедника «Царицыно» собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Вольфганг Амадей Моцарт

Шуфутинский – по 8000, Моцарт – 800. Какие звезды и почем выступят в Ульяновске в июне




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей


Даниил Медведев

Медведев на отказе серба Кецмановича вышел в третий круг «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

Man City star James McAtee lined up for dream Champions League transfer after Sheffield United relegation



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России