Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Таксиронӣ-охирон манбаи даромад барои муҳоҷирони собиқ

0
Таксиронӣ-охирон манбаи даромад барои муҳоҷирони собиқ

Моҳҳои ахир роҳҳои мошингарди Душанбе бештар ранги зардро гирифтааст. Селаи мошинҳои таксӣ чунин тасаввуреро дар зеҳн мегузорад, ки дар шароити бӯҳронӣ ҳамагӣ дар пойтахт таксисавор ҳастанд. Ронандагон мегӯянд, дар асл чунин нест ва баста шудани роҳи муҳоҷират онҳоро маҷбур кардааст рӯзиашонро аз мусофиркашонӣ пайдо кунанд. 

Хуруҷи бемории COVID-19 ва бекорӣ дар Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандонро водор кардааст, ки машғули мусофиркашонӣ бо мошинҳои таксӣ шаванд. Ҳамарӯз садҳо мошини зарду сафед дар ҷустӯҷӯи мусофир ба хиёбонҳо мерезанд.

Аҳмад, як ронандаи таксӣ дар Душанбе мегӯяд, ҳамасола ба муҳоҷирати корӣ мерафт, аммо имсол роҳаш ба Русия баста шуд. Онҷо дар мағоза кор мекард, аммо ҳоло ӯ дар Душанбе таксӣ кор мекунад. Зоҳиран он маблағеро, ки дар муҳоҷират пайдо мекард, инҷо намеёбад. "Барои рӯзгузаронӣ дар ватан таксирон шудаам",-мегӯяд Аҳмад.

Аммо танҳо муҳоҷирони собиқ нестанд, ки ҳоло сари чанбарак мусофир мекашонанд. Бархе ронандагон дар суҳбат ба мо гуфтанд, пандемияи коронавирус шуғлашонро дар ватан аз онҳо гирифт. 

Азиз Носиров 32-сола дорад ва то ин вақт дар ошхонае ба ҳайси ошпаз кор мекард. Ҷойи кори Азиз баста ва ӯ ҳам ҳоло рӯ ба таксиронӣ овардааст.  Ҳамсуҳбати мо гуфт, "шукр, ки ҳоло ҳамин корро ҳам дорам, ҳарчанд фоидааш мисли пештара нест. Аз ҳамин кор зиндагии оилаамро пеш мебарам. Оянда чӣ мешавад, рӯшан нест."

Ҳузури миқдори зиёди таксӣ дар кӯчаҳои Душанбе бо ронандаҳои камтаҷрибаро соҳибназарон хатарзо унвон мекунанд. Ба унвони мисол, аз ҳодисаи як моҳи қабл ёдоварӣ мешавад, ки ду мошини таксӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо ҳам бархӯрданд ва ҳодиса куштаву маҷрӯҳ дар пай дошт.

Ислом Акбаров, як ронандаи сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ронандаҳои таксӣ ҳамеша дар пайи пайдо кардани мусофир қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҳаёти мусофирон ва роҳгузаронро зери хатар мегузоранд:

"Барои мусофир шуда, ба дигар ронандаҳо роҳ намедиҳанд ва худашон ҳамеша саросема мебошанд. Бисёре аз ронандаҳои таксӣ омӯзиши зарурӣ нагирифтаанд. Воқеан теъдодашон хеле зиёд шудааст дар шаҳр ва барои ҳама хатарнок шудаанд",-мегӯяд Ислом Акбаров.

Мақомот ҳам зоҳиран аз афзоиши бештари таксиҳо хушнуд нестанд ва мегӯянд, вазъро назорат доранд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯи фаъолияти ширкатҳои таксиронӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи онҳо аст. Зувайдзода афзуд, "ба танзим даровардани кори хадамоти таксӣ ҳадафи мақомоти шаҳр мебошад."

Тибқи иттилои шаҳрдори Душанбе ҳоло дар пойтахт 11 ширкати таксиронӣ бо беш аз ду ҳазор нақлиёт ба мардум хизмат мекунанд.

Аммо огоҳон мегӯянд, миқдори воқеии таксиҳо дар Душанбе бамаротиб бештар аст. Бархе теъдоди воқеии таксиҳо дар пойтахти Тоҷикистон то 20 ҳазор адад арзёбӣ мекунанд.

Таксӣ дар Душанбе яке аз нақлиёти серистифода ба ҳисоб меравад. Дар гузашта дар пойтахти Тоҷикистон таксиҳои маъруф ба "3 сомонӣ" фаъол буд, ки сокинонро аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр ба ивази се сомонӣ мерасонд. Баъдан шаҳрдорӣ ба хотири танба нашудани мошинҳо дар роҳҳои марказӣ ва ҳамин тавр ба истифода додани мусофиркашонҳои нав, ҳаракати таксиҳои "се сомонӣ"-ро манъ кард.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Число пользователей портала «Малый бизнес Москвы» превысило 200 тысяч



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

В Самарской области пройдут мероприятия детской музыкальной академии Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Больше всего работников с креативными идеями работает в ритейле и спорте

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Даниил Медведев

Медведев на отказе серба Кецмановича вышел в третий круг «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Новости 24 часа

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России