Дар робита бо куштори Мамихан Умаров дар Вена ду нафар боздошт шуд
Дар Австрия дар робита бо куштори шаҳрванди чечентабори Русия Мамихан Умаров ду нафар - Сарали Ахтаев ва Салмон Магамадов боздошт шуданд. Дар ин бора вебсайти "Кавказ.Реалии" бо такя ба иттилои яке аз диаспораҳои воқеъ дар Аврупо хабар додааст. Нашрияи Österreich менависад, ки нафаре бо номи Sar Ali A. метавонад иҷрокунандаи куштор бошад. Сарали Ахтаеви 47-сола соли 2002 ва Салмон Магамадови 37-сола дар соли 2004-ум ба Аврупо кӯчиданд. Ҳардуи онҳо мақоми паноҳандагӣ доштанд. Дар бораи эҳтимоли иртиботи онҳо бо мақомоти Чеченистон иттилое дар даст нест, вале гуфта мешавад, ки дар гузашта Магамадов дар маркази зиддитеррористии шаҳри Урус-Мартан кор мекард. Полис гуфт, ки ин ду нафар дар робита бо куштори Умаров дар канораҳои Вена боздошт шуданд. Оҷонсии АРА хабар дод, ки шоми шанбе дар шаҳри Линс марди чечентабори 47-сола боздошт шуд ва ӯро ходимони ҳифзи қонун иҷрокунандаи куштор меҳисобанд. Рӯзи якшанбе гумонбари дуюм боздошт шуд. Ӯ дар ҷои куштор қарор дошт ва нахуст ба унвони як шоҳид бозпурсӣ гардид. Додситонҳо дар баёноти ӯ ихтилофе дарёфтанд ва қарор карданд, ки ӯро аз як шоҳид ба унвони як гумонбар дар даст доштан дар куштор дастгир мекунанд.
Рӯзи 6 июл полиси Австрия гуфт, ки марди кушташуда аз ҳимоят даст кашида буд, вале нагуфт, ки чунин пешниҳод ба Умаров кай карда шуд. Матбуот мегӯяд, ки феълан сабабҳои куштор маълум нест, вале дар миёни фарзияҳо ангезаҳои сиёсӣ доштани ин ҳодиса бештар ба ҳақиқат наздик аст. Дар таҳқиқи ин қазия кормандони идораи ҷосусии маҳаллӣ ва зидди террористӣ ҷалб шудаанд.
Мамихан Умаров, ки аз соли 2007 дар Австрия зиндагӣ мекард, бо лақаби "Анзори венагӣ" ҳам маъруф ва бо блогнависӣ машғул буд. Ӯ чандин бор Рамазон Қодировро интиқод карда ходимони ҳифзи қонуни Русияро дар гӯё даст доштанашон дар куштори ҷудоиталабони чечен дар Аврупо гунаҳкор кардааст. Умаров 4 июл дар шаҳри Герасдорфи канори Вена аз тире, ки ба сараш зада шуд, даргузашт. Ин ҳамла дар тавқифгоҳи мошинҳои назди як маркази тиҷоратӣ рух дод.