Раиси Маҷлиси намояндагон: Дар авҷи коронавирус дар канори мардум будем. Сокинон: Мо надидем
Вакилони даъвати нави Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи кор ба рухсатии меҳнатӣ рафтанд. Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлис аз фаъолияти чаҳормоҳаи порлумон изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, "як қатор корҳоро ба сомон расонданд" ва "дар канори мардум" буданд.