Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Ҳаким Фузайлов "Каганат"-и Уши Қирғизистонро тарк кард

0
Ҳаким Фузайлов

Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, бар асари идомаи пандемияи коронавирус бошгоҳи футболи навтаъсиси премйер-лигаи Қирғизистон – "Каганат"-и Ушро тарк кард.

Бошгоҳ ба Фузайлов дар ҳисоби корбарии худ дар Instagram арзи сипос навиштааст: "Мо ба Фузайлов Ҳаким Қаюмович барои коре, ки дар давраи душвори клуб ба анҷом расонида шуд, арзи сипос менамоем. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дастаро ҷамъ оварад ва бо касбияти баланд ба оғози чемпионат омода созад. Аммо вазъият бо пандемия ба он оварда расонд, ки сармураббӣ ва роҳбарият қарор доданд ҳамкориро қатъ кунанд", - зикр шудааст дар изҳороти бошгоҳи футболи "Каганат".

Дар охири моҳи июн Иттифоқи футболи Қирғизистон эълом кард, ки қаҳрамонии кишварро 11-уми июл дубора барқарор менамояд, вале ба иллати якбора зиёд шудани шумораи беморони гирифтори коронавирус дар ҷумҳурӣ, тасмим гирифт оғози мусобиқаро ба таъхир гузорад.

Ҳаким Фузайлов, ки мавсими гузашта сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе буд, баъди он ки бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019-ро дар гурӯҳи "D" дар майдони худ бо тими "Алтин Асир"-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд, 27-уми июн бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод.

"Истиқлол" бо раҳбарии Ҳаким Фузайлов порсол Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард. Баъдан дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон бар дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Вале "Истиқлол" 12-уми феврали соли гузашта дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 дар меҳмонӣ аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

Ҳаким Фузайлов 12-уми августи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро солҳои 1982-1983 ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаи "Пахтакор"-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми қаҳрамонии футболи СССР шурӯъ кардааст.

Баъди адои хидмати низомӣ, Ҳаким Фузайлов соли 1986 ба "Помир"-и Душанбе пайваст, ҳамроҳ бо ин даста аз лигаи якум ба лигаи олӣ баромад. Соли 1992, дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба бошгоҳи “Локомотив”-и Маскав гузашт. Солҳои 1992-1995 дар “Локомотив” ва баъдан то соли 1997 дар “Арсенал”-и Тула бозӣ кард.

Ҳаким Фузайлов дар тӯли собиқаи футболбозиаш 372 маротиба ба майдон баромада, 21 гол задааст. Ӯ аз ҷумла 6 дафъа либоси дастаи миллии футболи Тоҷикистонро ба тан карда, як дафъа ба дарвозаи мунтахаби Узбекистон дар соли 1996 гол задааст. Дар он бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё тими Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, вале дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд бо ҳисоби боз ҳам бузургтари 0:5 шикаст хӯрд. Ҳаким Фузайлов дар он бозӣ капитани мунтахаби Тоҷикистон буд.

Ҳаким Фузайлов баъди анҷоми фаъолияти бозигариаш ба кори мураббигӣ гузашт. Ӯ дар гузашта бошгоҳҳои футболи “Бухоро”, “Динамо”-и Самарқанд, “Андиҷон”, “Локомотив”-и Калуга ва “Локомотив”-и Тошкандро ба ҳайси сармураббӣ машқ дода, дар “Локомотив”-и Маскав ва “Терек”-и Грозний ба ҳамдастаи собиқаш дар “Помир” Рашид Раҳимов ҳамчун дастёри сармураббӣ кумак кардааст.

Ҳаким Фузайлов моҳи январи соли 2016 муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 то марти соли 2018 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Ӯ баъди бохти тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар шаҳри Манила ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот, 27-уми марти соли 2018 аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби кишвар истеъфо дод.

Ҳаким Фузайлов дорои муҷаввизи дараҷаи «Pro» мебошад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

В Красноярске завершился 4 фестиваль под руководством Юрия Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Миомир Кецманович

Кецманович отказался от борьбы в игре с Медведевым на "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


ЦСКА

Почта России помогла детям-подопечным благотворительных фондов встретиться с футболистами ЦСКА



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России