Полиси Австрия гузаштаи марди чечентабори кушташударо таҳқиқ мекунад
Полиси Австрия ба омӯзиши зиндагиномаи паноҳҷӯи чечентабори кушташуда дар ин кишвар пардохтааст. Полис исми қурбониро фош намекунад, вале ба иттилои хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин шахс Мамихан Умарови 43-сола мебошад. Умаров рӯзи 4 июл дар як сӯиқасд дар канораҳои Вена ҳадафи тири туфанги ҳамлагаре қарор гирифт ва ҳоло полис мехоҳад мушаххас кунад, ки то куҷо ин куштор дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Дар робита бо куштор ду шаҳрванди чечентабори Русия боздошт шудаанд. Матбуоти маҳаллӣ гузориш дод, ки ҳамлагар аз дохили як фурӯшгоҳи таъмири мошин дар шаҳраки Герасдорф ба сӯи қурбонӣ панҷ бор тир кушод ва Умаров то омадани мошини ёрии таъҷилӣ даргузашт. Мамихан Умаров аз соли 2005 муқими Австрия буд ва ду сол баъд мақоми паноҳандагӣ гирифт. Умаров дар гузашта дар сафи ҷудоиталабони чечен хидмат карда, як мунаққиди президенти Чеченистон Рамазон Қодиров гардид. Ду гумонбари боздоштшуда бо гумони куштори Умаров ҳам оғози солҳои 2000-ум ба Австрия рафтаанд. Таҳқиқи қазияро муфаттишони ниҳодҳои таҳқиқоти ҷосусиву зиддитеррористӣ ба ӯҳда гирифтаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар Қодировро, ки аз соли 2007 дар сари қудрат аст, дар ҳодисаҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқи башар, шиканҷа, кушторҳои худсарона, нопадидшавиҳо ва кушторҳои ҳадафмандонаи шахсиятҳои сиёсиву рақибони хусусӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар хориҷ аз он гунаҳгор мекунанд.