Давлаталӣ Саид: Коронавирус ояндаи иқтисоди Тоҷикистонро тира кардааст
Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар як нома ба Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёи Рушд навиштааст, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" қарор дод ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад.