Раҳбари FBI гуфт, ки Чин “таҳдиди азимтарин” ба ИМА аст
Кристофер Рей, раҳбари FBI (Бюрои федеролии тафтишот) гуфт, ки амалҳои ҷосусӣ ва дуздии Чин барои амнияти ИМА “дар дарозмуддат як хатари азимтарин” мебошад. Зимни суханронии рӯзи 7 июлаш дар Пажӯҳишгоҳи Ҳудзон дар шаҳри Вашингтон Рей гуфт, ки “таҳдиди азимтарини дарозмуддат ба иттилоот ва моликияти зеҳнии кишвари мо, барои пойдории иқтисоди мо ин ҷосусии иттилоотӣ ва иқтисодии Чин мебошад”. Президент Доналд Трамп Чинро барои бознадоштани паҳншавии коронавирус гунаҳгор кард, дар ҳоле, ки амалҳои худи президент Трамп ҳам мавриди интиқод қарор гирифт. Раҳбари FBI гуфт, ки Чин “дар талоши табдил шудан ба ягона абарқудрат ба тамоми маънояш буда”, барои расидан ба ин ҳадаф ба ҷосусии иқтисодӣ, дуздии иттило, фаъолиятҳои ғайриқонунии сиёсӣ, ришвадиҳӣ ва сиёҳ кардани сиёсати ИМА ва нуфузи он даст мезанад. Рей гуфт, ки Чин дар хориҷа ҳам шаҳрвандони худро ҳадаф қарор медиҳад ва дар миёни онҳо “ҳам рақибони сиёсӣ, ҳам дигарандешон ва ҳам мунаққидоне ҳастанд, ки хостори ба ҷавобгарӣ кашидани Пекин барои поймол кардани ҳуқуқи башар” мебошанд.