Додгоҳи Австрия истирдоди Шовализодаро ба Тоҷикистон "ғайриқонунӣ" номид
Додгоҳи федероли Австрия истирдоди паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе "ғайриқонунӣ" дониста, ба барқарор кардани ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ ҳукм баровардааст.