Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Юсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Шовализода: "Қарори додгоҳи Австрия инҷо амал намекунад"

0
Юсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Шовализода:

Додситони кулли Тоҷикистон қарори додгоҳи Австрияро, ки истирдоди як паноҳҷуи тоҷикро ғайриқонунӣ номид, "кори дохилии онҳо" гуфт ва афзуд, он дар Тоҷикистон амал намекунад.

Ҳафтаи пеш Додгоҳи федероли Австрия ихроҷи паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе "ғайриқонунӣ" дониста, ба барқарор кардани ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ ҳукм баровардааст. Ҳизбуллоҳ Шовализода 4-уми марти имсол аз Австрия истирдод шуд ва 12-уми июн дар Тоҷикистон ба бист соли зиндон маҳкум гардид.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикисон рӯзи 14-уми июл дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "Шовализода дар асоси далелҳои ҷамъовардаи парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси кирдорҳои ғайриқонунии худ дар дохили Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд".

Бино бар қарори додгоҳи Австрия, ки рӯзи 7-уми июл содир шуд, рад шудани дархости паноҳандагӣ ва иҷозаи ихроҷи Шовализода бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла, ба ӯ ҳақ ва муҳлати хуруҷи ихтиёрӣ дода нашуда, ҳангоми берун кардан ба маълумоти куҳна роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон такя шудааст.

Додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукми охир далелҳои вакили мудофеи Шовализода доктор Грегор Кламмерро пазируфтаст, ки ба набудани адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон, таъқиби мунтақидони ҳукумат, шиканҷа ва фасод дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва пайгарди мухолифони ҳукумат таъкид кардааст. 

Грегор Кламмер рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми Додгоҳи федероли Австрияро тасдиқ кард ва гуфт, "дар қарор ҳукумати Австрия вазифадор шудааст, ки бозгашти Шовализодаро таъмин кунад".

Аммо Юсуф Раҳмон гуфт, қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад, аммо дар оянда масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани афроди истирдодшуда аз ин кишвар ба Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард. 

Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз ихроҷ ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена гузаронд.

Додгоҳи Австрия мегӯяд, Ҳизбуллоҳ Шовализода моҳи марти соли 2019 дархости паноҳандагӣ карда ва гуфтааст, ӯ "язғуломӣ" аст ва дар кишвари худ ҳамчун "душмани халқ" шинохта мешавад. Вай гуфтааст, дар сурати бозгашт ба ватан ӯро бо гуноҳи пайравӣ аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ 20-25 сол ба зиндон меафкананд.

Моҳи март Додситонии кулли Тоҷикистон расман Шовализодаро ба узвият дар ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ ва "хиёнат ба давлат" муттаҳам кард. Чизе, ки намояндагони ҲНИТ дар хориҷа рад намуданд.

Абдуллоҳ Шовализода, падари Ҳизбуллоҳ Шовализода, 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, телефонӣ ба ӯ хабар додаанд, ки писараш 20 сол аз озодӣ маҳрум шудааст ва ҷузъиёти парвандаро намедонад.

Қаблан гуруҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик дар шаҳри Вена аз мақомоти Австрия хостанд, шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе нафиристад. Онҳо мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани яке аз ҳаммаслаконашон Ҳизбуллоҳ Шовализода ба Душанбе, мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа кунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи март гуфта буд, ба монанди Шовализода чаҳор нафарро ба кишвар овардаанд.

Моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯи тоҷик Мустафо Ҳаётовро ба кишвар фиристоданд. Ҳаётов узви фаъоли "Гурӯҳи 24" буд ва пас аз баргаштан дар видеое, ки маълум нест дар чӣ шароит забт шудааст, гуфт, вазъаш хуб мебошад.

Пас аз соли 2015 мақомоти Тоҷикистон номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои сиёсиро, ки фаъолияташон дар кишвар манъ шудааст, ба рӯйхати касони ҷустуҷӯшаванда дароварданд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Концерты оркестра Бутмана посмотрели более 50 миллионов китайцев




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи

Вышел второй подкаст онлайн-лектория «Иннагрика» о возможностях аграрной генетики для молодых исследователей


Ролан Гаррос

Арина Соболенко повторила уникальное достижение Азаренко на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Булат Окуджава

Музыка и стихи: концерт к 100-летию со дня рождения Булата Окуджавы состоится в Троицке



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России