Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Нархи сӯзишворӣ дар ҷаҳон поин меравад, дар Тоҷикистон боло. Чаро? ВИДЕО

0
Нархи сӯзишворӣ дар ҷаҳон поин меравад, дар Тоҷикистон боло. Чаро? ВИДЕО

Дар шароити бӯҳрони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон нархи гази моеъ боло рафт ва дар муқоиса бо ду ҳафтаи пеш арзишаш тақрибан ду маротиба бештар шуд. Дар Тоҷикистон беш аз 90 дарсади воситаҳои нақлиёт гази моеъро истифода мекунанд. 

Агар ду ҳафта қабл як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 2 сомониву 50 дирам сар мешуд, ҳоло нархи ҳамин миқдор гази моеъ чаҳор сомонӣ шудааст. Рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотии Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз Шодӣ Шоимзода, муовини вазир пурсида шуд, ки сабаби чунин болоравии нархи ин намуди сӯзишворӣ дар чист? Аммо, ин мақоми вазорати энержии Тоҷикистон танҳо гуфт, ки дар нимсолаи аввал ба кишвар 227 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки баробари нишондодҳои солҳои қаблӣ мебошад. Соли гузашта ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 580 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда буд.

"Ҷавоби ин саволро бояд аз сохторҳое, ки танзимкунандаи нарх мебошанд, пурсид. Танҳо метавонам бигӯям, ки болоравии нархи гази моеъро ҳоло як комиссияи махсус мавриди баррасӣ қарор додааст ва шарҳи муфассали ин мушкил рӯзҳои наздик гуфта мешавад. Ҳоло дақиқ гуфтан душвор аст, ки чаро нархи гази моеъ боло рафт. Бояд назари ширкатҳои воридкунанда гирифта шавад. Сипас, мешавад сабаби болоравиро дақиқ кард",-афзуд Шодӣ Шоимзода.

Аммо, ронандаҳои мошинҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро дар тамоми ҷаҳон нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла, нафт ба таври бесобиқа пойин мераваду дар Тоҷикистон бошад, болоравии нарх дида мешавад. Ба гуфтаи ронандаҳои таксӣ, ки миқдорашон дар пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор адад аст, онҳо дар ду ҳафтаи ахир дар пайи болоравии нархи гази моеъ то сӣ дарсади даромади худро аз даст додаанд.

Талабшо Шаманов, ронандаи минибас ё мусофирбар дар миёни Душанбе ва шаҳри Ҳисор мегӯяд, ки арзиши роҳкироро наметавонанд боло баранд, аммо нархи сӯзишвориро касе танзим намекунад.

Шаманов мегӯяд, "нархи газ дар байни 10-15 рӯз аз 2 сомониву 50 дирам то ба 4,20-4,30 сомонӣ боло рафт. Акнун, чӣ кор кунем, дар хона шинем? Касе дираме бароямон намедиҳад. Бе ин ҳам 2 моҳ бекор дар карантин будем ва касе бароямон кӯмак накард. Гову бузро фурӯхтем, то зиндагиро пеш барем. Нархи газ 4 сомониву 20 дирам аст, вале мо 2 сомонӣ роҳкиро мегирем, маҷбур ҳастем".

Бояд иқрор шуд, ки дар оғози паҳншавии бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба мисли кишварҳои дигари ҷаҳон пойинравии нархи сӯзишворӣ мушоҳида шуд. Он замон дар кӯчаҳои шаҳр миқдори ками мошинҳо низ дида мешуд ва ҳатто дохили автобусу троллейбусҳо каммусофир буданд. Аммо, бо паси сар шудани давраи доғи паҳншавии ин беморӣ, миқдори мошинҳо ҳам кӯчаҳо зиёд шуд ва нархи сӯзишворӣ низ боло рафт.

 

Сӯҳроб Назаров, ронандаи мошини сабукрав аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки чаро дар шароити бекорӣ касе дар пайи танзими арзиши сӯзишворӣ нест:  "Нархи бензин ҳам қариб 6 сомонӣ шудааст. Дар ду ҳафта нархи ин сӯзишворӣ ҳам қариб як сомонӣ бештар шуд. Дар ҳама кишварҳо сӯзишворӣ арзон мешавад, аммо дар Тоҷикистон қиммат. Ин хел намешавад. Одамон бекоранд, донем ки ягон ҷо кор кунанд, маоши муносиб бошад, мешавад, вале охир ин хел нест".

Талоши мо барои дарёфти назари ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон бенатиҷа монд. Бештаре аз ширкатҳо, аз ҷумла, "Газпромнефт-Тоҷикистон" ва "Нуройл"-у ширкатҳои дар гузашта ҳамкори "Фароз" бо баҳонаҳои мухталиф аз ироаи посух худдорӣ карда, пешниҳоди номаи расмӣ бо суолҳоро тақозо мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки маъмулан, чунин мукотиба то як ҳафта тӯл мекашад.

Кормандони марказҳои сӯзишворӣ ҳам мегӯянд, ки дар ду ҳафтаи ахир нархи гази моеъ қариб панҷоҳ дарсад боло рафтааст ва аслан дар анборҳои ширкатҳои воридкунанда гази моеъ кам аст. Ба ин далел, бархе аз марказҳои сӯзишворӣ гази моеъро бо маҳдудият мефурӯшанд.

Тибқи омори расмӣ, беш аз 90 дарсади воситаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон аз гази моеъ ба унвони сӯзишворӣ истифода мекунанд. Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон, дақиқтараш, аз ширкати "Актобумунайгаз"-и ин кишвар харидорӣ мекунад.

Дар охири моҳи апрел ин ширкат як тонна гази моеъро то истгоҳи Бекободи Узбекистон 105 -125 долларӣ интиқол медод. Аммо, дар даҳаи аввали моҳи июл нархи гази моеъ дар ин ширкат то 350-380 доллар боло рафтааст.

Мушкили дарёфти доллари амрикоӣ барои харидории миқдори зарурии гази моеъ дар Қазоқистон низ аз сабабҳои камбуд ва болоравии арзиши он дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Аммо, соҳибназарон ба омили мавсимии ин амр низ ишора мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло дар Қазоқистон мавсими дарави ғалла шурӯъ шудааст ва ниёз ба гази моеъ дар дохили кишвар низ зиёд мебошад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

«Своя жизнь»: Волочкова отказалась поздравлять бывшего мужа с рождением сына




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

ОНК: террористы из «Крокуса» не смогут возместить убытки потерпевшим даже за пожизненные сроки



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России