Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Идомаи задухӯрдҳои марзии миёни Озарбойҷону Арманистон

0
Идомаи задухӯрдҳои марзии миёни Озарбойҷону Арманистон

Тибқи гузоришҳо дар марзи Озарбойҷону Арманистон низоъҳои мусаллаҳона идома дорад ва ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар ҳамла ва тарандозӣ ба сӯи деҳоти марзӣ гунаҳгор карданд. Низомиёни Арманистон  иддао карданд, ки дар соатҳои субҳи барвақти 16 июл монеи баргузории рейди озарбойҷониҳо дар нуқтаҳои марзии ин кишвар дар ноҳияи шимолушарқии Товуш шуданд. Шушан Степанян,  сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки “баъди як тирандозии шадид душман бо хисороти муайян ақибнишинӣ кард”.  Дар ин изҳорот иддао мешавад, ки нирӯҳои озарбойҷонӣ ба сӯи ду деҳаи марзии арманӣ бо хумпораву тӯпхонаи вазнин оташ кушоданд. Степанян соатҳои субҳи барвақт дар Фейсбук навишт, ки “задухӯрдҳо ҳоло ҳам идома дорад” ва “воҳидҳои нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон иғвоҳои озарбойҷониҳоро безарар мекунанд”. Степанян инчунин бо нашри изҳороте дар Фейсбук рӯзи 16 июл иддао кард, ки нирӯҳои Арманистон як тонки озарбойҷоинро хароб карда ба мавқеъҳои “хумпораву тӯпхонаҳои Озарбойҷон, ки мавқеъҳои аҳолинишини моро ҳадаф қарор дода буданд, нобуд карданд”. Дар як видеои кӯтоҳе, ки ӯ нашр кард, дуди сиёҳи ғализе за пушти баландие ба чашм мерасад, ки зоҳиран хоки Озарбойҷон аст.

Степанян ичунин гуфт, ки вазири дифои Арманистон Давит Тоноян дар занги телефоние ба Андржей Каспршик, раҳбари ҳайати нозиротии САҲА дар Қаробоғи кӯҳӣ  таҳаввулоти ахирро гузориш дод. Ӯ гуфт, ки Тоноян ба Каспршик гуфт, ки ҷониби Озарбойҷон “хисороти зиёд дид”. Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад, ки дар ҳодисаи марзии соати 9-и субҳ ҳеҷ як сарбози арманӣ кушта нашудааст.

Дар соатҳои субҳи 16 июл волии Товуш Ҳайк Чобанян гуфт, на танҳо деҳот, балки шаҳраки Берд ҳам таҳти оташи хумпораи озарбойҷониҳо қарор гирифт. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳеҷ як сокини маҳаллӣ осеб надид, вале бархе хонаву сохторҳои бунёдӣ зарар дидаанд. Чобанян гуфт, ки “сокинон дар таҳхонаву хаймаҳо панаҳ мебаранд” ва “зиндагии онҳо таҳти хатар нест”. Ӯ афзуд, ки зарурат ба интиқоли мардум ба ҷойҳои амн вуҷуд надорад. “Умедворам, ки ин ҳолат дер давом намекунад”, гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Озарбойҷон нирӯҳои арманиро дар ҳамла ба нирӯҳои ҷабҳаи пеш ва тирандозӣ ба рустоҳои озарбойҷонӣ дар ноҳияи Товуз, ки бо Тавуш ҳаммарз аст, гунаҳгор аст. Дар изҳорот тафсилоти аз ин беш оварда намешавад.

Азсаргирии тирандозӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷон як рӯз баъди он рух дод, ки дар  се рӯзи даргириҳои хунини миёни нирӯҳо 15 сарбоз кушта шуда мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.

Пеш аз ҳодисаҳои 16 июл, миёнаравҳо дар Гурӯҳи Мински САҲА аз ИМА, Русия ва Фаронса ҳарду ҷонибро ба идомаи худдорӣ аз тавсеаи низоъҳо даъват карданд. Дар изҳороти рӯзи 15 июли ин гурӯҳ омадааст, ки “ҳамраисон тасдиқи вазоратҳои хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷонро барои барпо кардани музокирот оид ба паҳлӯҳои муҳими истиқрори ҳарчи зудтари вазъ дар Қаробоғи Кӯҳи ва бозгашти муҳими нозирони САҲА ба минтақа, агар шароит имкон диҳад, истиқбол мекунанд”.





Губернаторы России
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году





Москва

"СВЯТОЙ ЛЕНИН" раскрыл загадку В.В. Жириновского и В.Г. Мессинга. СЕНСАЦИОННЫЕ ДАННЫЕ!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Цой

Песни Виктора Цоя исполнит оркестр в Хабаровске




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Собянин. Главное за день

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

В новой Москве соревновались нештатные формирования


WTA

Надежда Петрова высказалась о перспективах Арины Соболенко снова возглавить рейтинг WTA



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Москве в мае не выявили случаев заражения новым штаммом коронавируса FLiRT



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России