Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Ҷавони тоҷикро барои қатли пурсарусадои ҳамкораш ба 14 соли зиндон маҳкум карданд

0
Ҷавони тоҷикро барои қатли пурсарусадои ҳамкораш ба 14 соли зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фарди муттаҳам ба қатли Диловаршо Шомиров, корманди як нуқтаи мошиншӯӣ дар пойтахтро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Дар додгоҳ эълон шуд, ки нисбати нафари дувуми ба тафтишот номаълум ва корманди Маркази ташхиси судиву тиббӣ низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 15-уми июл содир шудааст. Баҳодур Исозода, қозии парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, то замони ба ҳукми иҷро дароманди қарори додгоҳ, яъне то 10 рӯзи дигар ҳаққ надорад онро шарҳ диҳад.

Ҳодисаи қатли Диловаршо Шомиров 22-юми марти соли ҷорӣ рух додааст. Нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷасаде дар яке аз роҳравҳои назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе нашр шуд. Зери акс навишта буданд, ки маълум нест ҷасади кист. Аз рӯйи ин акс наздикони Диловаршо Шомиров ӯро шинохтанд ва аз пайи таҳқиқи маргаш шуданд. Муҳокимаи додгоҳии ин қазия 1-уми июл шурӯъ шуда буд.

Дар курсии айбдоршаванда дар додгоҳ Абдулмӯъмин Халилов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамкори Диловаршо Шомиров нишаста буд.

Талоши мо барои пайдо кардани назари ҷониби айбдоршаванда то ин лаҳза бенатиҷа буд.

Нуриддин Ғафуров, вакили дифои Абдулмӯъмин Халилов аз изҳори назар ба Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ин вакили дифоъ дар оғози ин қазия аз ҷониби ҷабрдида ҳимоя карда, дар рӯзи шунидани баёноти ҷонибҳо ба толори додгоҳ ҳозир нашудааст.

Умриннисо Шомирова, модари Диловаршо Шомиров, 16-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳукми додгоҳ дар нисбати қотили писараш изҳори хушҳолӣ кард.

"Аз ҳукми додгоҳ дар нисбати қотили писарам розӣ ҳастам. Судя тавонист дар чаҳорчӯби талаботи қонунгузорӣ ин парвандаро баррасӣ карда, ҳукми боадолатона барорад",-гуфт модари марҳум.

Умриниссо Шомирова афзуд, додраси парванда гуфтааст, феълан Додситонии шаҳри Душанбе нисбати як нафари ба тафтишот номаълум, ки дар қатли писараш шарикӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҷустуҷӯи ин нафарро идома медиҳад.

Дар рӯзҳои нахустини рух додани ҳодиса мақомоти корҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки таҳқиқи судиву тиббии Вазорати тандурустӣ ошкор кардааст, ки Диловаршо Шомиров аз сактаи мағзӣ фавтидааст.

Ба гуфтаи Умриниссо Шомирова, дар мурофиаи додгоҳӣ эълон шудааст, ки додситонии Душанбе нисбати ин масъули Маркази ташхиси судиву тиббӣ низ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Роҳбарони ин марказ низ аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд. Ҳамкоронаш гуфтанд, ки ин нафар баъд аз чанд маротиба даъват шудан ба додситонӣ, худ гирифтори сактаи қалбӣ шуда, дар манзилаш табобат мегирад.

Мақомот мегӯянд, Абдулмуъмин Халилов бо Диловаршоҳ Шомиров дар яке аз нуқтаҳои мошиншӯйӣ дар пойтахти кишвар шоми 22-юми март бар сари моеи мошиншӯӣ муноқиша кардаанд. Ҳарду дар ҳамон нуқтаи мошиншӯйӣ кор мекарданд.

Ба иттилои расмӣ, "дар натиҷа, Абдулмуъмин Халилов бо як зарби мушт Диловаршоҳро ба замин афтондааст ва ӯ ҷон бохтааст".

Қатл дар Тоҷикистон дар пайи муноқишаҳои мухталиф падидаи нав нест ва ҳамасола даҳҳо чунин ҳодиса рух медиҳанд. Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоб кардааст, ки мизони кушта шудани сокинон аз дасти ҷинояткорон дар Тоҷикистон солҳои охир баробари то 15 нафар ба ҳар сад ҳазор аҳолии кишвар будааст.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: На юге Москвы в этом году благоустроят четыре зеленые зоны





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 2 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

В Самарской области пройдут мероприятия детской музыкальной академии Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Ролан Гаррос

Соболенко победила на старте открытого чемпионата Франции по теннису



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России