Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Хадамоти иҷро миллионҳо сомониро ба манфиати давлат ситондааст

0
Хадамоти иҷро миллионҳо сомониро ба манфиати давлат ситондааст

Ҳарчанд Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон кори худро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ босамар арзёбӣ мекунад, вале бархе огоҳон бар ин назаранд, ки ин ниҳод дар фаъолияти худ муваффақ нашудааст.  

Барно Саидвализода, раҳбари хадамот, рӯзи 17-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи имсол беш аз 23 ҳазор арзу муроҷиатро дастрас намудаанд, ки аз ҷумла ба масъалаи таъмини иҷрои санадҳои додгоҳӣ нигаронида шудаанд. Ӯ  гуфт, барои барқарор кардани маблағи зарари расонидашуда ва ҷарима беш аз 8 миллион сомонӣ ва ба манфиати давлат ситонидаанд, вале дар бораи ҳаҷми маблағи ба манфиати сокинон ситонидашуда иттилоъ надод.

Тавсифи Саидвализода аз кори хадамот дар ҳолест, ки бархе сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки барои ҷуброни зарар ва ё бозпасгардонии маблағашон  қарори додгоҳро дар даст доранд, вале иҷрои он таъмин намегардад. Даҳҳо тан аз муштариёни ҷабрдидаи ширкати “Манзили дастрас” аз афроде ҳастанд, ки борҳо шикоят кардаанд, ки додгоҳ барои бозпас гирифтани маблағҳояшон аз сӯи ин ширкати тобеи ҳукумати Душанбе қарор содир намудааст, вале қарори додгоҳ иҷро намешавад.

Шикоятҳои пайваста ва ҳукмҳои иҷроношуда

Барно Саидвализода, раҳбари Хадамоти иҷро, мегӯяд, аз нигаронии муштариёни “Манзили дастрас” огоҳӣ доранд, вале ҳанӯз арзиши дороиҳои раҳбари ин ширкатро ҳисоб накардаанд. Саидвализода, гуфт: “Санадҳои  додгоҳии раиси “Манзили дастрас” ва дигар ҳамроҳонаш  дар баррасии иҷрочиён қарор дорад, вале арзиши воқеии амволи онҳо  муайян нашудааст.”

Ба қавли Барно Саидвализода, тибқи ҳукми додгоҳ ҳаҷми зарари расонида ба муштариён аз ҳисоби Наимов беш аз 18 миллион ва аз ҳисоби яке аз ҳамроҳонаш бо номи Рустам Раҷабов 12,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Чунин  маблағ ба гуфтаи вай, бо фурӯши дороиҳои маҳкумшудаҳо  бояд ба нафъи ҷабрдидаҳо ситонида шавад: “То ҳол Хадамоти иҷро касе аз ҷабрдидагонро  ба  манзил таъмин накардааст”.

Ҳисоб нашудани арзиши дороиҳои ин ширкат дар ҳолест, ки аз эълони қарори додгоҳ дар нисбати раҳбари он 5 моҳ сипарӣ мешавад ва бархе муштариёни ширкат  ба Радиои Озодӣ аз бетаваҷҷӯҳии мақомоти додгоҳиву маъмурони иҷрои ҳукми додгоҳ барои гирифтани маблағҳояшон борҳо шикоят кардаанд.

Моҳи феврали имсол Нурулло Наимов, раиси пешини “Манзили Дастрас” ба 21 сол ва панҷ ҳамроҳи ӯро  мутаносибан аз 8 то 16-солии зиндон маҳкум карданд. То ҳол даҳҳо тан аз муштариёни ширкат барои соҳиби хона шуданд ва ё бозгардонидани маблағҳои худ талош доранд.

Дар нишасти хабарӣ раҳбарияти Хадамоти иҷро ҳамчунин гуфт, аз ҷониби маъмурони хадамот барои ҷуброни зарари моддӣ аз ҳисоби Раҷабалӣ Одинаев, молики ширкати  “Умед 88” ба нерӯгоҳи “Роғун”  беш аз 42 миллион сомонӣ ситонида шудааст: “Беш аз 114 миллион сомонии дигар боқӣ мондааст ва барои рӯёнидани ин миқдор маблағ  тамоми чораҳо дида мешавад”.

Раҷабалӣ Одинаев моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот ӯро ба барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.

Бархӯрди дугуна, шаҳрвандон дар мақоми дуввум?

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бархӯрди Хадамоти иҷро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ нисбати ҳамаи парвандаҳо яксон набуда, дар фаъолияти ин идора духӯрагиҳо дида мешавад.

Ӯ рӯзи 17-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин хадамот бо ҳадафи таъмини одилонаи иҷрои қарорҳои додгоҳӣ ташкил ёфтааст, вале афсӯс чунин нашуд: “Усули дугона дар кори он  вуҷуд дорад, зоҳиран вонамуд мекунанд, ки корашонро дуруст анҷом медиҳанд, вале  мо зиёд мушоҳида кардем, ки бесалоҳиятӣ зоҳир мешавад дар фаъолияташ. Мақомоти  назоратӣ, аз ҷумла  додситонӣ бояд кори онҳоро назорат кунад, ки аз рӯи виҷдон фаъолият кунанд”.

Ин ҳуқуқшинос таъкид мекунад, ки дар мисоли парвандаи молики “Умед-88” ва раиси пешини “Манзили дастрас” таваҷҷӯҳи бештар ба манфиати сокинони оддӣ дода нашудааст: “Дар қазияи “Умед-88” ин ҷо сиёсат аст, нигаронии президент  дар дидори соҳибкорон дар робита ба фаъолияти ин ширкат буд,  дар ин қазия бисёр соярӯшанҳо аст,  дар парвандаи “Манзили дастрас” манфиати шаҳрвандони оддӣ аст ва бояд авлавиятро ба ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон диҳанд, ки таваҷҷӯҳи бештар сурат намегирад”.

Чунин иддаоро масъулони Хадамоти иҷро рад намуда, мегӯянд, муносибати онҳо дар робита ба таъмини иҷрои ҳамагуна қарорҳои додгоҳӣ мувофиқи қонуну одилона мебошад. Рӯзи 17-уми июл як намояндаи ин хадамот, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷрои баъзе ҳукмҳо кори осон нест ва вақтро талаб мекунад.

Ҳарчанд таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти иҷро ба ҳисоб меравад, вале бо таъсиси ин ниҳод ҳанӯз ҳам чун гузашта нигарониҳо аз адолати додгоҳӣ ва  шеваи иҷроиши қарорҳои додгоҳӣ аз забони сокинон садо медиҳад.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году





Москва

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

С 31 мая по 7 июня 2024 в Самаре пройдет детская академия Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

ТАСС: Рожков отметил успешное выступление российских паралимпийцев на соревнованиях в Таиланде


Янник Синнер

Янник Синнер: «Нужно наслаждаться давлением, потому что мы не врачи, которые оперируют людей»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Киев

Столтенберг решил не встречаться с Зеленским в Брюсселе



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России