Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

Муҳоҷирони тоҷику қирғиз "барои як тӯб дар рӯи ҳавлӣ" занозанӣ кардаанд. ВИДЕО

0
Муҳоҷирони тоҷику қирғиз

Баъди муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар шаҳри Екатеринбург, ки рӯзҳои 18 ва 19-уми июл сар зад, ҳоло вазъ ором аст ва раҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ талош доранд пеши роҳи ҳама гуна ҳодисаҳоро бигиранд.

Ин аввалин муноқишаи байни намояндагони ҷамъиятҳои миллӣ дар Екатеринбург дар пасманзари пандемияи коронавирус мебошад. Вебсайти "Росбалт" мегӯяд, "замоне ки пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, ҳама наврасон фирор карданд ва ҳеҷ касеро боздошт карда натавонистанд".​

Фаррух Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикон ва Гулшан Долонбаева, раиси ҷамъияти қирғизҳои Екатеринбург, ки баъди ин моҷаро дастбакор шудаанд, мегӯянд, вазъият ором аст ва ҳарду ҷониб ҳам тавонистанд муҳоҷиронро ором кунанд, то дигар муноқиша барнахезад.

Ба иттилои онҳо, моҷаро шоми шанбе дар ҳоле рух дод, ки ҷавонҳои 17 то 24-солаи тоҷику қирғиз барои бозии футболи маъмулӣ дар як варзишгоҳи канори Екатеринбург ҷамъ омаданд. Фаррух Мирзоев рӯзи 20-уми июл дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Екатеринбург гуфт, "вақти футбол рӯзи аввал гапашон гурехт, сари эҳсос... рӯзи дуюм омадам камтар занозанӣ карданд. Вақте одамҳо ҳар чиз мегӯянд, гурехта мераванд".

Ба иттилои ӯ, ҳеҷ нафаре дар ин ҳодисаҳо осеб надидааст. Муроҷиат ба беморхона дар паи ин муноқиша ба қайд гирифта нашудааст. Мирзоев гуфт, ки баъди ин ҳодиса мулоқоте бо ҳамватанон доир карданд ва ҳамаро ба оромиву риояи қонун даъват карданд.

"Ҳоло ҳама тинҷу оромист. Оқибаташ ба хайр шавад. Албатта, аз ин ҳолат метавонанд бархе миллатгароҳо истифода кунанд, байни тоҷикону қирғизҳо ҷанг андозанд, вале мо ҳоло бо мақомоти маҳаллӣ ва ҳам ҷамъияти қирғизҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем",- гуфт ӯ.

Гулшан Долонбаева, раиси ҷамъияти қирғизҳои Екатеринбург дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин моҷароро "маишӣ" номид ва бо моҷарои кӯдаконе монанд кард, ки "барои як тӯб дар рӯи ҳавлӣ даъво мехезонанд".  Ӯ гуфт, мақомоти маҳаллӣ ҳалли ин ҳодисаро ба дӯши раҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ вогузор кардаанд.

"Онҳо ҳеҷ таҳдиде накарданд. Мо бо онҳо дар ҳамкорӣ ҳастем ва шарикии мо идома меёбад. Онҳо ҳамеша ба мо имконият медиҳанд, ки моҷароҳои хурди маиширо бо нерӯи худ ҳал кунем. Мо аллакай ин корро ба роҳ мондем. Кӯҳансолон ҳам вохӯрданд, аз ин хотир, ин қазия набояд идома пайдо кунад" - гуфт Долонбаева.

Дар вилояти Свердловск ва марказаш шаҳри Екатеринбург тахминан 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва 50 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон бо кору даромад машғул ҳастанд. Пандемияи коронавирус, ки ба ин минтақа ҳам осеб расонидааст, боиси маҳдуд шудани ҷои кору даромад барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳам шуд.

Вале ба иттилои Долонбаева, ҳоло шароити кор барои муҳоҷирон, ки аксаран дар бахши сохтмон, тамизкорӣ, тиҷорат ва соҳаи ғизои ҷамъиятӣ кор мекунанд, фароҳам шудааст ва корхонаву муассисаҳо боз мешаванд. "Албатта, то андозае асабонияти марбут ба пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ метавонад дар болоравии асабонияти муҳоҷирон таъсиргузор бошад, вале ин чиз амиқ нест",-гуфт ӯ.

Екатеринбург як минтақаи муҳими иқтисодии Русия дар 1800-километрии шаҳри Маскав ҷойгир буда, муҳоҷирони зиёд аз Осиёи Марказӣ барои кор ба ин минтақа мераванд.

Фаррух Мирзоев мегӯяд, дар давоми пандемияи коронавирус дар ин минтақа кори сохтмон идома кард, вале бозор, ки макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон аст, як моҳ пеш тадриҷан боз шудан гирифт. Ӯ мегӯяд, ин ҳолат то андозае ба эҳсосоти муҳоҷирон таъсиргузор шуд.

Дар вилояти Свердловск то ҳол 18023 ҳолати олудагӣ ба коронавирус ва 195 ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар миёни муҳоҷирони тоҷик ҳам бархе ба коронавирус олуда шуданд, вале шумори онҳо дақиқ нест.





Губернаторы России
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году





Москва

Лидер движения «Всеармянский фронт» Аршак Карапетян 24 мая 2024 года встретился с членами Координационного совета российско-армянских организаций России и политологами


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Более 5 тыс камер «Безопасный регион» установили в Подмосковье с начала года



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России