Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2020

ДОНИШГОҲҲО

0

Интизор меравад, ки имсол қимати таҳсил дар бахшҳои шартномавии баъзе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ва мактабҳои хусусӣ то 8 дарсад афзоиш ёбад.

Ҳудуди 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоат дониста мешаванд ва хонаводаҳое, ки фарзандонашон бо пул таҳсил мекунанд, нигарон шудаанд, ки боло рафтани қимати таҳсил ба ҷайби онҳо зарба мезанад.

Дилшод донишҷӯи соли чоруми яке аз донишгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон аст ва дар бахши шартномавӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар сол беш аз 5 ҳазор сомонӣ пули таҳсил месупорад, ки бародарони муҳоҷираш мефиристанд. Ӯ рӯзи 20-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт,  падар надорад ва модараш ҷое кор намекунад, фақат бародаронаш барои таҳсили ӯ кумак мекунанд.

 

Дилшод афзуд: “Имсол бародаронам дар муҳоҷират зиёд кор накарданд ва намедонам, ин маблағро аз кадом ҳисоб месупорам. Агар  як дарсад ҳам гарон шавад, барои ман пардохти он осон нест”. Ҳарчанд, хонаводаҳои зиёде чун Дилшод дар пардохти пули таҳсил мушкилӣ доранд, аммо ба гуфтаи мақомот, баъзе аз донишгоҳҳо хостаанд, қимати таҳсилро даҳҳо дар сад афзоиш диҳанд.

 

Абдумаҷид Мӯъминзод, раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарие гуфт, ки донишгоҳҳо ҳаққи феълии таҳсилро кам мешуморанд ва хостаанд, ки қимати таҳсили шартномавиро то 40 дарсад афзоиш диҳанд.  Бар асоси муқаррарот, нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон вобаста ба талабот ба он ва хароҷоти муассиса муайян мешавад. Мӯъминзод дар бораи меъёрҳои боло бурдани қимати таҳсил гуфт: “Дар ин маврид қарори ҳукумат таҳти рақами 210 ҳаст, ки бояд кадом меъёрҳо ба назар гирифта шавад. Ба ин дохил мешавад, тамоми хароҷотҳои соҳавӣ аз музди маош то нигаҳдории бино. Агар бархе муассисаҳои олии таълимӣ то 50 дарсад аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ шаванд, баъзеи дигар то 70 дарсад аз ҳисоби шартномаи таҳсили донишҷӯ пардохт мешавад. Бо назардошти ҳамаи таҳлилҳои худ нархномаи таҳсилро дар муассисаҳое ки аз бештар аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ, танҳо панҷ дарсад боло бурдем.” 

 

Раиси хадамоти антимонополӣ гуфт, ҳеҷ муассисаи таълимӣ ҳақ надорад, бар хилофи нархномаи тасдиқкардаи онҳо, беасос қимати шартномаи таҳсил бо донишҷӯро боло барад.  Соҳаи маорифи Тоҷикистон аз буҷаи ҳукумат маблағи зиёд дарёфт намекунад ва маоши муаллимҳо дар мактабу донишгоҳҳо барои зиндагии онҳо басанда нест. Як муаллими донишгоҳ дар пойтахт гуфт, ҳукумат ва мақомот беасос нархи шартномаро боло намебарад, чун медонанд ки нархи бозор низ ҳамасола афзоиш меёбад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт: “Бубинед ду сол пеш як халта орд чанд сомонӣ буд, ҳоло чанд сомонӣ шудааст. Омӯзгорон ҳам зиндагӣ доранд, аксари онҳо номзади илм ҳастанд ва бояд маоши хуб гиранд. Вақте аз ҳисоби буҷа пули кам ҷудо мешавад, муассиса маҷбур аст, нархи шартномаро боло барад, чун дар баробари хароҷоти иншоот, омӯзгорон бояд маош гиранд”. 

 

Волидон мегӯянд, қимати таҳсил дар баъзе мактабҳои хусусӣ низ боло рафтааст. Писари Мавлуда Каримова, як сокини Душанбе дар мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳр таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, маъмурияти мактаб нимаҳои моҳи июн волидонро аз боло рафтани нархи шартномаи мактаб огоҳ кардаанд: “Солона 12500 сомонӣ месупоридем, гуфт, ки нархи шартномаи мактаб гарон шуд ва бояд 14500 сомонӣ супорем. Ва бояд 50 дарсади онро то моҳи сентябр пардохт кунем”.  

 

Дар Вазорати маориф ва илм ба Радиои Озодӣ гуфтанд,  то имрӯз ҳеҷ як донишгоҳ барои боло бурдани нархи шартномаи таҳсил ба вазорат муроҷиат накардааст. Таҳлилгарон мегӯянд нархи таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳҳои кишвар дар муқоиса бо маоши сокинон хеле баланд аст ва бояд то 40 дар сад кам карда шавад. Аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “бояд як сохтори махсусе аз кори донишгоҳҳо, тарзи харҷи маблағи шартнома дар муассисаҳои олӣ ва ҳам сиёсати нархгузорӣ назорат барад, ки то куҷо шаффофияти харҷи маблағҳо назорат шавад”.  

 

Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 2 ҳазор то 18 ҳазор сомонӣ ё муодили аз 200 то 2000 доллар дар як солро ташкил медиҳад. Дар 40 мактаби олӣ ва касбии Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил доранд. Нархи шартномаи таҳсили донишгоҳҳо ҳам қариб ҳар сол ва ба андозаи то 10 дарсад боло бурда мешавад. Бинобар гарон будани нархи шартномаи таҳсил ҷавонон талош мекунанд, то дар бахшҳои буҷавӣ ворид шаванду ройгон таҳсил кунанд. Бахшҳои буҷавӣ сад дар сад аз ҳисоби давлат таъмин мешаванд ва донишҷӯ маблағ намесупорад, аммо ҷой дар ин бахш хеле кам аст.  Бар асоси омори расмии Маркази миллии тестӣ аз ҳудуди 87 ҳазор ҷое ки  барои қабули довталабон дар соли нави таҳсил ҷудо шудааст танҳо 19 ҳазор ҷой ройгон ваё дар риштаҳои буҷавӣ пешбинӣ шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳудуди 75 дар сади донишҷӯён тариқи шартнома таҳсил мекунанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал самые быстрорастущие отрасли производства в Москве





Москва

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Производство одежды в Москве за последние пять лет выросло в 62 раза



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Дистрибьюция Музыки. Цифровая дистрибьюция музыка. Дистрибьюция музыки под ключ.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Спортивные прогнозы на OnlyBet

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Only Bet – бесплатные прогнозы на спорт


WTA

Камилла Рахимова вышла в полуфинал турнира WTA-250 в Рабате



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Сбер

1 км = 100 рублей на благотворительность: или как онлайн принять участие в Зелёном Марафоне Сбера



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России