Муассиси гурӯҳи "Болалар" Руслан Шарипов аз сактаи мағзӣ даргузашт. ВИДЕО
Дар Узбекистон дар синни 53-солагӣ овозхони маъруф Руслан Шарипов даргузашт. Хешовандонаш ба Радиои Озодлик гуфтанд, ки овозхон шоми 28 июл аз сактаи мағзӣ, «на коронавирус» даргузашт. Вазорати фарҳанги Узбекистон дар саҳифааш дар Telegram ба наздикони овозхони шинохта изҳори ҳамдардӣ баён кард. Руслан Шарипов зодаи шаҳри Самарқанд буда, дар таъсиси гурӯҳҳои замоне дар Тоҷикистон ҳам маъруфи «Болалар», «Сетора» ва «Байт» нақш доштааст. Соли 2000-ум бо ҷоизаи Ҳунарманди шоистаи Узбекистон мукофотонида шуд. Баъди як муддат дур шудан аз саҳна ӯ соли 2016 ба овозхонӣ баргашт, вале, ба навиштаи Озодлик, зоҳиран саломатиаш хуб набуд.
Ҳамсари аввали ӯ овозхони маъруф Наргиз Зокирова дар робита бо марги падари духтари нахустинаш дар Фейсбук навиштааст, ки аз ин хабар андӯҳгин шудааст.