Достони "муваффақиятҳо"-и Узбекистон зуд ба охир мерасад?
Мансабдорони Узбекистон дар оғози паҳншавии бемории ҳамагир дар бораи муваффақиятҳои худ барои муқобила бо он хабар медоданд, вале шикояти сокинони Узбекистон дар ҳафтаҳои ахир аз вазъи хеле бад дар шифохонаву минтақаҳои карантинӣ ин ҳамаро зери суол гузоштааст.