Раҳимзода: "80 хонавода аз Афғонистон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд"
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, 80 хонавода аз Афғонистон бо фарзандони худ "аз тарсу ваҳми қасди кушторашон" мехоҳанд, ба кишвар ворид шаванд. Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, рӯзи 1-уми сентябр гуфт, онҳо дар "минтақаи дахлнопазир"-и сарҳад ҳастанд.