Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022: Ҷопон аз Умон шикаст хӯрд, Австралия Чинро мағлуб кард

0
Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022: Ҷопон аз Умон шикаст хӯрд, Австралия Чинро мағлуб кард

Марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё рӯзи 2-юми сентябр оғоз ёфт. 12 дастаи беҳтарини қора, ки дар ин марҳила ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, бозиҳои даври аввалро анҷом доданд.

Дар се бозии даври аввал дар гурӯҳи “А” танҳо як гол зада шуд - мунтахаби Эрон тими миллии Сурияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Ду бозии дигари ин шашгона бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт: Кореяи Ҷанубӣ - Ироқ - 0:0 ва Имороти Муттаҳидаи Араб - Лубнон - 0:0.

Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон ғайричашмдошт дар майдони худ аз тими миллии Умон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро ҳамлагар Иссам Ал-Сабӣ ба самар расонид.

Дар бозиҳои дигари гурӯҳи “В” Австралия бар Чин бо ҳисоби 3:0 ва  Арабистони Саудӣ бар Ветнам бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд.

Ёдовар мешавем, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ду ҷойи аввалро ишғол мекунанд, мустақиман ба қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи сеюмро соҳиб мешавад, ба ҳаққи иштирок дар плей-офф мушарраф мегардад.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Осиё, марҳилаи сеюм

Даври 1-ум, 2-юми сентябр

Гурӯҳи “А”

Кореяи Ҷанубӣ - Ироқ - 0:0

Эрон - Сурия - 1:0

Иморот - Лубнон - 0:0

Гурӯҳи “В”

Австралия - Чин - 3:0

Арабистони Саудӣ - Ветнам - 3:1

Ҷопон - Умон - 0:1

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ наёфт. 15-уми июни имсол баъди натиҷагирии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар минтақаи Осиё маълум шуд, ки тими миллии Тоҷикистон наметавонад ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёбад.

Дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё аз ҳашт гурӯҳ дастаҳои ҷойи аввал ва чор дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2022 ва қаҳрамонии Осиё-2023 роҳхат гирифтанд. Инҳо дастаҳои мунтахаби Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Умон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳам баробар ба тими миллии Лубнон имтиёз гирифт, вале голҳои задаи футболбозони тоҷик назар ба дастаи Лубнон чаҳор адад кам буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи "F" бо дастаҳои Ҷопон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар рақобат карда, дар ҳашт бозӣ 13 имтиёз ба даст овард. Тими миллии Тоҷикистон дастаи миллии Қирғизистонро ду дафъа шикаст дод, аз тими миллии Муғулистон чор имтиёз ситонид, ба дастаи Мянмар як бозиро бохт ва як ғалаба ба даст овард, ба тими Ҷопон дар ду бозӣ ноком шуд.

Баъди натиҷагирии ҳамаи бозиҳо дар гуруҳи “F” Ҷопон бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал, Тоҷикистон бо 13 имтиёз дар ҷойи дуюм, Қирғизистон бо 10 имтиёз дар ҷойи сеюм, Муғулистон ва Мянмар бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор гирифтанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

Вечер бардовской песни, посвященный Юрию Визбору, пройдет 19 июня в Обручевском




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня


Елена Рыбакина

Рыбакина, Путинцева и Бублик стартуют на Ролан Гаррос. Кто в соперниках и чего ждать?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Представлен кооперативный геймплей Warhammer 40,000: Space Marine 2



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России