Тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон алайҳи Толибон
Шаҳрҳои мухталифи Афғонистон дар пайи даъвати Аҳмад Масъуд барои қиём алайҳи Толибон, шаби гузашта саҳнаи тазоҳурот ва гирдиҳамоии мардум буданд. Гирдиҳамомадагон ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимат ва зидди Покистону Толибон шиор сар медоданд.