Ҷо Байден гуфт, агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймои Амрико менишаст, мардум ба чархи он мечаспиданд
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани сокинони Афғонистон гуфт, агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки “касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд.
Байден рӯзи 11-уми сентябр дар як маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Шансквили аёлати Пенсилвания дар ин бора ибрози назар кард.
Дар ин маросим раисҷумҳури Амрико аз тасмимаш ҷиҳати берун кашидани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон дифоъ кард ва онро кори дурусте хонд. Ӯ гуфт, бинобар натоиҷи назарсанҷиҳо 70 дарсади амрикоиҳо ҷонибдори хориҷ шудани нерӯҳо аз Афғонистон буданд. Байден гуфт, аммо ба бисёриҳо шеваи хуруҷи нерӯҳо аз афғонистон писанд наомад.
“Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон хориҷ шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ба шумо гуфтанием, ки ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”. Боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд”-, гуфт Ҷо Байден.
Дар идомаи радду бадал бо хабарнигорон раисҷумҳури Амрико гуфт, пас аз маҳви Бин Лодин ва Ал-Қоида дар Афғонистон боқӣ мондани нерӯҳои низомии Амрико иштибоҳ буд. Ӯ гуфт, “агар он замон шумо ба касе мегуфтед, ки мо ният дорем ҳар рӯз 300 миллион доллар давоми 20 сол харҷ кунем, то кишварро муттаҳид созем. Ин ҳам пас аз оне, ки Бин Лодин ва Ал- Қоида маҳв шуду боз ҳам Ал- Қоида метавонад бозагардад? Бале. Аммо медонед чӣ? Он (манзур Ал-Қоида) аллакай дар дигар ҷойҳо бозгашт. Стратегияи мо чист? Ҳар ҷое ки Ал-Қоида ҳаст ҳуҷум барему нерӯҳоямонро он ҷо гузорем? Биёд монед”.
Поёни моҳи август Амрико нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон комилан берун кашид. Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки рӯзи душанбеи 30-юми август охирин нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шуданд ва ба ин тартиб, ҳузури низомии 20-солаи ИМА дар Афғонистон поён ёфт.